|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
МУНТАСИРИ СОМОНӢ
Абӯиброҳим Исмоил ибни Нӯҳи Сомонӣ, мулаққаб ба Мунтасир аз шоҳзодагони ин хонадони бузург буд. Эликхон дар соли 999 Бухороро фатҳ карда, ҳамаи шоҳзодагон ва бузургони давлати Сомониро ба маҳбас андохт. Абӯиброҳим аз зиндон гурехта, ба Хоразм рафт ва аз он ҷо бо дастае омада, Бухороро бозпас гирифт, вале онро нигаҳ дошта натавонист ва ба ҷониби Нишопур рафт. Баъди ин муддатҳо ӯ бо роҳу усулҳои гуногун ба муқобили Эликхон мубориза бурд ва дар охир, соли 1005 дар наздикии Бухоро бо дасти арабе муҳоҷир кушта шуд. Абӯиброҳим Мунтасир шахси соҳибзавқ буд ва аз ӯ 8 байт шеър боқӣ мондааст.
Эй ба дидан кабуду худ на кабуд, Оташ аз табъу дар намоиш дуд. В-эй ду гӯши ту карри модарзод, Бо туам гармию итоб чӣ суд?
Саҳифаи 1/3
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа
|
|
|
|
|
|