Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر ششوم

 
rumi

Масали дубин, ҳамчу он ғариби шаҳри Кош Умар ном, ки аз як дукконаш ба сабаби ин ном ба он дуккони дигар ҳавола кард ва ӯ фаҳм накард, ки ҳама дуккон якест дар ин маънӣ, ки ба Умар нон нафурӯшанд, ҳам ин ҷо тадорук кунам, ки ман ғалат кардам, номам Умар нест. Чун бад-ин дуккон тавба ва тадорук кунам, нон ёбам аз ҳамаи дукконҳои ин шаҳр ва агар бетадорук ҳамчунин Умар ном бошам, аз ин дуккон даргузарам, маҳрумам ва аҳвалам ва ин дукконҳоро аз ҳам ҷудо донистаам

Гар Умар номӣ ту андар шаҳри Кош,
Кас бинафрӯшад ба сад донгат лавош.
Чун ба як дуккон бигуфтӣ: «Уммарам,
Ин Умарро нон фурӯшед аз карам».
ӯ бигӯяд: «Рав бад-он дигар дукон,
З-он яке нон, беҳ к-аз ин панҷоҳ нон».
Гар набудӣ аҳвал ӯ андар назар,
ӯ бигуфтӣ: «Нест дукконе дигар».
Пас задӣ ишроқи он ноаҳвалӣ,
Бар дили кошӣ шудӣ Уммар Алӣ.
Ин аз ин ҷо гӯяд он хаббозро:
«Ин Умарро нон фурӯш, эй нонбо!»
Чун шунид ӯ ҳам Умар, нон даркашид,
Пас фиристодат ба дуккони баъид.
К-ин Умарро нон деҳ, эй анбози ман!
Роз, яъне фаҳм кун з-овози ман.
ӯ ҳамат з-он сӯ ҳавола мекунад:
«Ҳин, Умар омад, ки то бар нон занад».
Чун ба як дуккон Умар будӣ, бирав,
Дар ҳамай Кошон зи нон маҳрум шав.
В-ар ба як дуккон Алӣ гуфтӣ, бигир,
Нон аз ин ҷо, беҳавола в-безаҳир.
Аҳвале дубин чу бебар шуд зи нӯш,
Аҳвале даҳбинӣ, эй модарфурӯш!
Андар ин Кошони хок аз аҳвалӣ
Чун Умар мегард, чун набвӣ Алӣ.
Ҳаст аҳвалро дар ин вайрона дайр,
Гӯша-гӯша нақли нав «ай самма хайр»!
В-ар ду чашми ҳақшинос омад туро,
Дӯст пур бин арсаи ҳар ду саро.
Вораҳидӣ аз ҳаволай ҷо ба ҷо,
Андар ин Кошони пурхавфу риҷо.
Андар ин ҷӯ ғунча дидӣ ё шаҷар,
Ҳамчу ҳар ҷӯ ту хаёлаш зан мабар,
Ки туро аз айни ин акси нуқуш
Ҳақ ҳақиқат гардаду мевафурӯш.
Чашм аз ин об аз ҳавал ҳур мешавад,
Акс мебинад, сабад пур мешавад.
Пас ба маънӣ боғ бошад ин, на об,
Пас машав урён чу Билқис аз ҳубоб.
Бори гуногун-ст бар пушти харон,
Ҳин, ба як чӯб ин харонро ту марон.
Бар яке хар бори лаълу гавҳар аст,
Бар яке хар бори сангу мармар аст.
Бар ҳамай ҷӯҳо ту ин ҳикмат марон,
Андар ин ҷӯ моҳ бин, аксаш махон.
Оби Хизр аст ин, на оби дому дад,
Ҳар чӣ андар вай намояд, Ҳақ бувад.
З-ин таги ҷӯ моҳ гӯяд: «Ман маҳам,
Ман на аксам, ҳамҳадису ҳамраҳам.
Андар ин ҷӯ он чӣ бар болост ҳаст,
Хоҳ боло, хоҳ дар вай дор даст.
Аз дигар ҷӯҳо магир ин ҷӯйро,
Моҳ дон ин партави маҳрӯйро».
Ин сухан поён надорад, он ғариб
Бас гирист аз дарди хоҷа, шуд каъиб.

Саҳифаи 97/140
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر پنجوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵