|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шестая тетрадь |
|
|
Руҷӯъ кардан ба ҳикояти он шахси вомкарда ва омадани ӯ ба умеди инояти он мӯҳтасиб сӯйи Табрез Он ғариби мумтаҳан аз бими вом Дар раҳ омад сӯйи он доруссалом. Шуд суйи Табрезу кӯйи Гулситон, Хуфта уммедаш, фарози гул ситон. Зад зи дорулмулки Табрези санӣ Бар умедаш равшанӣ бар равшанӣ. Ҷон-ш хандон шуд аз он равзай риҷол Аз насими Юсуфу Мисри висол. Гуфт: «Ё ҳодӣ! Аних лӣ ноқатӣ, Ҷоъа исъоди ва торат фоқатӣ. Убруки ё ноқатӣ! Тоба-л-умур, Инна Табрезан муноҷоту-с-судур. Исриҳи ё ноқатӣ! Ҳавла-р-риёз, Инна Табрезан лано ниъма-л-муфоз». Сорбоно, бор бигшо з-уштурон, Шаҳри Табрез асту кӯйи Гулситон. Фарри фирдавсист ин полезро, Шаъшаъай аршист ин Табрезро. Ҳар замоне нури рӯҳангези ҷон Аз фарози арш бар табрезиён. Чун висоқи мӯҳтасиб ҷуст он ғариб, Халқ гуфтандаш, ки бигзашт он ҳабиб. ӯ парер аз дори дунё нақл кард, Марду зан аз воқиай ӯ рӯйзард. Рафт он товуси аршӣ сӯйи арш, Чун расид аз ҳотифонаш бӯйи арш. Сояаш гарчи паноҳи халқ буд, Дарнавардид офтобаш зуди зуд. Ронд ӯ киштӣ аз ин соҳил парер, Гашта буд он хоҷа з-ин ғам хонасер». Наърае зад марду беҳуш уфтод, Гӯиё ӯ низ дар пай ҷон бидод. Бас гулобу об бар рӯяш заданд, Ҳамраҳон бар ҳолаташ гирён шуданд. То ба шаб бехеш буду баъд аз он Ниммурда бозгашт аз ғайб ҷон.
Страница 95/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|