|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шестая тетрадь |
|
|
Достони он мард, ки вазифа дошт аз мӯҳтасиби Табрез ва вомҳо карда буд бар умеди он вазифа ва ӯро хабар на аз вафоти ӯ ҳосил аз ҳеч зиндае воми ӯ гузорда нашуд, илло аз мӯҳтасиби мутаваффо гузорда шуд, чунонки гуфтаанд: Лайса ман мота фастароҳ бимайт, Иннама-л-майту маййиту-л-аҳё.
Он яке дарвеш з-атрофи диёр Ҷониби Табрез омад вомдор. Нӯҳ ҳазораш вом буд аз зар магар, Буд дар Табрез Бадруддин Умар. Мӯҳтасиб буд ӯ ба дил баҳр омада, Ҳар сари мӯяш яке ҳотамкада. Ҳотам ар будӣ, гадойи ӯ шудӣ, Сар ниҳодӣ, хоки пойи ӯ шудӣ. Гар бидодӣ ташнаро баҳре зулол, Дар карам шарманда будӣ з-он навол. В-ар бикардӣ зарраеро машриқе, Будӣ он дар ҳимматаш нолоиқе. Бар умеди ӯ биёмад он ғариб, К-ӯ ғарибонро будӣ хешу насиб. Бо дараш буд он ғариб омӯхта, Воми беҳад аз атояш тӯхта. Ҳам ба пушти он карим ӯ вом кард, Ки ба бахшишҳош восиқ буд мард. Лоуболӣ гашта з-ӯву вомҷӯ Бар умеди қулзуми икромхӯ. Вомдорон рӯтуруш, ӯ шодком, Ҳамчу гул хандон аз он равзулкиром. Гарм шуд пушташ зи хуршеди араб, Чӣ ғам асташ аз сиболи Булаҳаб? Чунки дорад аҳду пайванди саҳоб, Кай дареғ ояд зи саққоёнаш об? Соҳирони воқиф аз дасти Худо Кай ниҳанд ин дасту поро дасту по? Рӯбаҳе, ки ҳаст з-он шерон-ш пушт, Бишканад каллай палангонро ба мушт.
Страница 93/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|