Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Қиссаи он ки гови баҳрӣ гавҳари ковиён аз қаъри дарё бароварад, шаб бар соҳили дарё ниҳад, дар дурахшу тоби он мечарад, бозаргон аз камин бурун ояд, чун гов аз гавҳар дуртар рафта бошад, бозаргон ба луҷму гили тира гавҳарро бипӯшонад ва бар дарахт гурезад «ило охири-л-қисса ва-т-тақриб»

Гови обӣ гавҳар аз баҳр оварад,
Бинҳад андар марҷу гирдаш мечарад.
Дар шуоъи нури гавҳар гови об
Мечарад аз сунбулу савсан шитоб.
З-он фигандай гови обӣ анбар аст,
Ки ғизояш наргису нилуфар аст.
Ҳар кӣ бошад қути ӯ нури ҷалол,
Чун назояд аз лабаш сеҳри ҳалол?
Ҳар кӣ чун занбӯр ваҳй асташ «нафал»,
Чун набошад хонаи ӯ пурасал?
Мечарад дар нури гавҳар он бақар,
Ногаҳон гардад зи гавҳар дуртар.
Тоҷире бар дур ниҳад луҷми сиёҳ,
То шавад торик марҷу сабзагоҳ.
Пас гурезад марди тоҷир бар дарахт,
Гов ҷӯён мардро бо шохи сахт.
Бист бор он гов тозад гирди марҷ,
То кунад он хасмро дар шох дарҷ.
Чун аз ӯ навмед гардад гови нар,
Ояд он ҷо, ки ниҳода буд гуҳар.
Луҷм бинад фавқи дурри шоҳвор,
Пас зи тин бигрезад ӯ иблисвор.
К-он Билис аз матни тин кӯру кар аст,
Гов кай донад, ки дар тин гавҳар аст?
«Иҳбиту» афганд ҷонро дар ҳазиз,
Аз намозаш кард маҳрум ин маҳиз.
Эй рафиқон, з-ин мақилу з-он мақол,
«Иттақу инна-л-ҳаво ҳайзу-р-риҷол».
«Иҳбиту» афганд ҷонро дар бадан,
То ба гил пинҳон бувад дурри адан.
Тоҷираш донад, валекин гов не,
Аҳли дил донанду ҳар гилков не.
Ҳар гиле, к-андар дили ӯ гавҳарест,
Гавҳараш ғаммози тини дигарест.
В-он гиле, к-аз рашши Ҳақ нуре наёфт,
Сӯҳбати гилҳои пурдур барнатофт.
Ин сухан поён надорад муши мо
Ҳаст бар лабҳои ҷӯ бар гӯши мо.

90/140
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj