|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шестая тетрадь |
|
|
Лоба кардани муш мар чағзро, ки баҳона маяндеш ва дар нася маяндоз инҷоҳи ин ҳоҷати маро, ки «фӣ-т-таъхири офотун ва-с-суфию ибну-л-вақт» ва ибн даст аз домани падар бознадорад ва аби мушфиқи сӯфӣ, ки вақт аст, ӯро ба нигариш ба фардо мӯҳтоҷ нагардонад, чандонаш мустағриқ дорад дар гулзори сареъу-л-ҳисобии хеш на чун авом. Мунтазири мустақбал набошад, наҳрӣ бошад на даҳрӣ, ки «ло сабоҳа индаллоҳи ва ло масоъа», мозиву мустақбал ва азалу абад он ҷо набошад, Одам собиқ ва Даҷҷол масбуқ набошад, ки ин русум дар хиттаи ақли ҷузвӣ аст ва рӯҳи ҳайвонӣ. Дар олами ломакон ва лозамон ин русум набошад, пас ӯ ибни вақтест, ки «ло юфҳаму минҳу илло нафйу тафриқати-л-азмина», чунон ки аз «Аллоҳу воҳидун» фаҳм шавад нафйи дуӣ, не ҳақиқати воҳидӣ Сӯфиеро гуфт хоҷай симпош: «Эй қадамҳои туро ҷонам фирош. Як дирам хоҳӣ ту имрӯз, эй шаҳам! Ё ки фардо чоштгоҳӣ се дирам?» Гуфт: «Дӣ ними дирам, розитарам З-он ки имрӯз ину фардо сад дирам». Силии нақд аз атои нася беҳ, Нак, қафо пешат кашидам, нақд деҳ. Хоса он силӣ, ки аз дасти ту аст, Ки қафову силияш масти ту аст. Ҳин, биё, эй ҷони ҷону сад ҷаҳон, Хуш ғанимат дор нақди ин замон. Дармадузд он рӯйи маҳ аз шабравон, Сар макаш з-ин ҷӯй, эй оби равон! То лаби ҷӯ хандад аз оби маъин, Лаб-лаби ҷӯ сар барорад ёсамин. Чун бубинӣ бар лаби ҷӯ сабза маст, Пас бидон аз дур, к-он ҷо об ҳаст. Гуфт: «Симоҳум вуҷуҳун» кирдгор, Ки бувад ғаммози борон сабзазор. Гар биборад шаб, набинад ҳеч кас, Ки бувад дар хоб ҳар нафсу нафас. Тозагии ҳар гулистони ҷамил Ҳаст бар борони пинҳоне далел. Эй ахӣ, ман хокиям, ту обиӣ, Лек шоҳи раҳмату ваҳҳобиӣ. Ончунон кун аз атову аз қисам, Ки гаҳу бегаҳ ба хидмат мерасам. Бар лаби ҷӯ ман ба ҷон мехонамат, Менабинам аз иҷобат марҳамат. Омадан дар об бар ман баста шуд, З-он ки таркибам зи хоке руста шуд. Ё расуле ё нишоне кун мадад, То туро он бонги ман огаҳ кунад. Баҳс карданд андар ин кор он ду ёр, Охири он баҳс, он омад қарор, Ки ба даст оранд як риштай дароз, То зи ҷазби ришта гардад кашф роз. «Як саре бар пойи ин банда дутӯ Баст бояд, дигараш бар пойи ту. То ба ҳам оем з-ин фан мо ду тан, Андаромезем чун ҷон бо бадан». Ҳаст тан чун ресмон бар пойи ҷон, Мекашонад бар заминаш з-осмон. Чағзи ҷон дар оби хоби беҳушӣ, Раста аз муши тан, ояд дар хушӣ. Муши тан з-он ресмон бозаш кашад, Чанд талхӣ з-ин кашиш ҷон мечашад. Гар набудӣ ҷазби муши гандамағз, Айшҳо кардӣ даруни об чағз. Боқияш чун рӯз бархезӣ зи хоб, Бишнавӣ аз нурбахши офтоб. «Як сари ришта гиреҳ бар пойи ман, З-он сари дигар ту по бар уқда зан. То тавонам ман дар ин хушкӣ кашид, Мар туро шуд нак сари ришта падид». Талх омад бар дили чағз ин ҳадис, Ки маро дар уқда орад ин хабис. Ҳар каромат дар дили марди баҳӣ Чун дарояд аз фане, набвад тиҳӣ. Васфи Ҳақ дон он фаросатро на ваҳм, Нури дил аз лавҳи кул кардаст фаҳм. Имтиноъи пил аз сайрон ба «байт» Бо ҷади он пилбону бонги ҳайт. Ҷониби Каъба нарафтӣ пойи пил, Бо ҳама лат, на касиру на қалил. Гуфтие худ хушк шуд поҳои ӯ, Ё бимурд он ҷони савлафзои ӯ. Чунки кардандӣ сараш сӯйи Яман, Пили нар садасба гаштӣ гомзан. Ҳисси пил аз захми ғайб огоҳ буд, Чун бувад ҳисси валии бовуруд? На ки Яъқуби набӣ, он покхӯ Баҳри Юсуф бо ҳама ихвони ӯ. Аз падар чун хостандаш додарон, То барандаш сӯйи саҳро як замон. Ҷумла гуфтандаш: «Маяндеш аз зарар, Як-ду рӯзаш мӯҳлате деҳ, эй падар!» Ки чаро моро намедорӣ амин Юсуфи худро ба сайрону заъин? То ба ҳам дар марҷҳо бозӣ кунем, Мо дар ин даъват амину мӯҳсинем. Гуфт: «Ин донам, ки нақлаш аз барам Мефурӯзад дар дилам дарду сақам. Ин дилам ҳаргиз намегӯяд дурӯғ, Ки зи нури арш дорад дил фурӯғ». Он далели қотеъе буд бар фасод, В-аз қазо онро накард ӯ эътидод. Даргузашт аз вай нишоне ончунон, Ки қазо дар фалсафа буд он замон. Ин аҷаб набвад, ки кӯр афтад ба чоҳ, Булаҷаб афтодани бинои роҳ. Ин қазоро гунигун тасрифҳост, Чашмбандаш «яфъалуллаҳ мояшо»-ст. Ҳам бидонад, ҳам надонад дил фанаш, Мум гардад баҳри он мӯҳр оҳанаш. Гӯие дил гӯяде, ки майли ӯ Чун дар ин шуд, ҳар чӣ афтад, бош гӯ. Хешро з-ин ҳам муғаффал мекунад, Дар иқолаш ҷон муаққал мекунад. Гар шавад мот андар ин он булъало, Он набошад мот, бошад ибтило. Як бало аз сад балояш вохарад, Як ҳубуташ бар маъориҷҳо барад. Хоми шӯхе, ки раҳонидаш мудом Аз хумори садҳазорон зишти хом, Оқибат ӯ пухтаву устод шуд, Ҷаст аз риққи ҷаҳон в-озод шуд. Аз шароби лоязолӣ гашт маст, Шуд мумаййиз, аз халоиқ бозрафт. З-эътиқоди сусти пуртақлидашон В-аз хаёли дидаи бедидашон, Эй аҷаб, чӣ фан занад идрокашон, Пеши ҷазру мадди баҳри бенишон? З-он биёбон ин иморатҳо расид, Мулку шоҳиву вазоратҳо расид. З-он биёбони адам, муштоқи шавқ, Мерасанд андар шаҳодат ҷавқ-ҷавқ. Корвон бар корвон з-ин бодия Мерасад дар ҳар масову ғодия. Ояду гирад висоқи мо гарав, Ки расидам, набвати мо шуд, ту рав. Чун писар чашми хирадро баргушод, Зуд бобо рахт бар гардун ниҳод. Ҷодаи шоҳ аст, он з-ин сӯ равон В-он аз он сӯ, содирону воридон. Нек бингар, мо нишаста меравем, Менабинӣ, қосиди ҷойи навем. Баҳри ҳоле менагирӣ раъси мол, Балки аз баҳри ғаразҳо дар маол. Пас, мусофир ин бувад, эй раҳпараст! Ки масиру рӯш дар мустақбал аст. Ҳамчунон, к-аз пардаи дил бекалол Дам ба дам дармерасад хайли хаёл. Гар на тасвирот аз як мағрасанд, Дар пайи ҳам сӯйи дил чун мерасанд? Ҷавқ-ҷавқ испоҳи тасвироти мо Сӯйи чашмай дил шитобон аз замо. Ҷарраҳо пур мекунанду мераванд, Доимо пайдову пинҳон мешаванд. Фикрҳоро ахтарони чарх дон, Доир андар чархи дигар осмон. Саъд дидӣ, шукр кун, исор кун, Наҳс дидӣ, садқа в-истиғфор кун. Мо кием инро? Биё, эй шоҳи ман! Толеъам муқбил куну чархе бизан. Рӯҳро тобон кун аз анвори моҳ, Ки зи осеби занаб ҷон шуд сиёҳ. Аз хаёлу ваҳму зан бозаш раҳон, Аз чаҳу ҷаври расан бозаш раҳон. То зи дилдории хуби ту диле Пар барорад, барпарад з-обу гиле. Эй азизи Мисру дар паймон дуруст, Юсуфи мазлум дар зиндони туст. Дар халоси ӯ яке хобе бибин, Зуд, к– «Аллоҳу юҳиббу-л-мӯҳсинин». Ҳафт гови лоғарии пургазанд Ҳафт гови фарбеҳашро мех(в)аранд. Ҳафт хӯшай хушки зишти нописанд Сунбулоти тозаашро мечаранд. Қаҳт аз Мисраш баромад, эй азиз! Ҳин, мабош, эй шоҳ, инро мустаҷиз. Юсуфам дар ҳабси ту, эй шаҳ нишон! Ҳин, зи дастони занонам вораҳон. Аз сӯйи арше, ки будам марбит ӯ, Шаҳвати модар фигандам, к- «иҳбиту». Пас фитодам з-он камоли мустатим Аз фани золе ба зиндони раҳим. Рӯҳро аз арш орад дар ҳатим, Лоҷарам кайди занон бошад азим. Аввалу охир ҳубути ман зи зан, Чунки будам рӯҳу чун гаштам бадан. Бишнав ин зории Юсуф дар исор, Ё бар он Яъқуби бедил раҳм ор. Нола аз ихвон кунам ё аз занон? Ки фигандандам чу Одам аз ҷинон. З-он мисоли барги дай пажмурдаам, К-аз биҳишти васл гандум хӯрдаам. Чун бидидам лутфу икроми туро В-он саломи силму пайғоми туро. Ман сипанд аз чашми бад кардам падид, Дар сипандам низ чашми бад расид. Дофеъи ҳар чашми бад аз пешу пас, Чашмҳои пурхумори тусту бас. Чашми бадро чашми некӯят, шаҳо, Моту мустаъсил кунад «неъма-д-даво». Бал зи чашмат кимиёҳо мерасад, Чашми бадро чашми некӯ мекунад. Чашми шаҳ бар чашми бози дил задаст, Чашми бозаш сахт бо ҳиммат шудаст. То зи бас ҳиммат, ки ёбид аз назар, Менагирад бози шаҳ ҷуз шери нар. Шер чӣ? К-он шоҳбози маънавӣ Ҳам шикори тусту ҳам сайдаш тувӣ. Шуд сафири бози ҷон дар марҷи дин Наъраҳои «ло уҳиббу-л-офилин». Бози дилро, ки пайи ту мепарид, Аз атои беҳадат чашме расид. Ёфт бинӣ бӯю гӯш аз ту самоъ, Ҳар ҳисеро қисмате омад мушоъ. Ҳар ҳисеро чун диҳӣ раҳ сӯйи ғайб, Набвад он ҳисро футури маргу шайб. Молику-л-мулкӣ, ба ҳис чизе диҳӣ, То ки бар ҳисҳо кунад он ҳис шаҳӣ.
Страница 88/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|