|
|
|
|
Муболиға кардани муш дар лоба ва зориву вуслат ҷустан аз чағзи обӣ Гуфт, к-эй ёри азизи меҳркор, Ман надорам бе рухат як дам қарор. Рӯз нуру максабу тобам туӣ, Шаб қарору салвату хобам туӣ. Аз мурувват бошад, ар шодам кунӣ, Вақту бевақт аз карам ёдам кунӣ. Дар шабонрӯзӣ вазифай чоштгоҳ Ротиба кардӣ висол, эй некхоҳ! Ман бар ин як бор қонеъ нестам, Дар ҳавоят турфа инсонестам. Понсад истисқостам андар ҷигар, Бо ҳар истисқо қарин ҷӯъулбақар. Бениёзӣ аз ғами ман, эй амир! Деҳ закоти ҷоҳу бингар дар фақир. Ин фақири беадаб нодарх(в)ар аст, Лек лутфи оми ту з-он бартар аст. Менаҷӯяд лутфи оми ту санад, Офтобе бар ҳадасҳо мезанад. Нури ӯро з-он зиёне нобуда, В-он ҳадас аз хушкие ҳезум шуда. То ҳадас дар гулхане шуд, нур ёфт, Дар дару девори ҳаммоме битофт. Буд олойиш, шуд ороиш кунун, Чун бар ӯ бархонд хуршед он фусун. Шамс ҳам маъдай заминро гарм кард, То замин боқӣ ҳадасҳоро бих(в)ард. Ҷузви хоке гашту руст аз вай набот, «Ҳоказо ямҳу-л-Илоҳу-с-саййиот». Бо ҳадас, ки баттарин аст, ин кунад, К-иш наботу наргису насрин кунад. То ба насрини маносик дар вафо Ҳақ чӣ бахшад дар ҷазову дар ато. Чун хабисонро чунин хилъат диҳад, Таййибинро то чӣ бахшад дар расад. Он диҳад Ҳақшон, ки «ло айна раат», Ки нагунҷад дар забону дар луғат. Мо кием инро? Биё, эй ёри ман! Рӯзи ман равшан кун аз хулқи ҳасан. Мангар андар зиштиву макрӯҳиям, Ки зи пурзаҳрӣ чу мори кӯҳиям. Эй ки ман зишту хисолам ҷумла зишт, Чун шавам гул? Чун маро ӯ хор кишт. Навбаҳори ҳусни гул деҳ хорро, Зинати товус деҳ ин морро. Дар камоли зиштиям ман мунтаҳӣ, Лутфи ту дар фазлу дар фан мунтаҳӣ. Ҳоҷати ин мунтаҳӣ з-он мунтаҳӣ, Ту барор, эй ҳасрати сарви саҳӣ. Чун бимирам, фазли ту хоҳад гирифт, Аз карам гарчи зи ҳоҷат ӯ барист. Бар сари гӯрам басе хоҳад нишаст, Хоҳад аз чашми латифаш ашк ҷаст. Навҳа хоҳад кард бар маҳрумиям, Чашм хоҳад баст аз мазлумиям. Андаке з-он лутфҳо акнун бикун, Ҳалқае дар гӯши ман кун з-он сухун. Он ки хоҳӣ гуфт ту бо хоки ман, Барфишон бар мадраки ғамноки ман.
87/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|