|
Ҳикояти шутур ва гову қуч, ки дар роҳ банди гиёҳ ёфтанд, ҳар яке мегуфт: «Ман хурам» Уштуру гову қуче дар пеши роҳ Ёфтанд андар равиш банде гиёҳ. Гуфт қуч: «Бахш ар кунем инро, яқин, Ҳеч кас аз мо нагардад сер аз ин. Лек умри ҳар кӣ бошад бештар, Ин алаф ӯрост авло, гӯ, бих(в)ар» Ки акобирро муқаддам доштан Омадаст аз Мустафо андар сунан. Гарчи пиронро дар ин даври лиъом Дар ду мавзеъ пеш медоранд ом. Ё дар он луте, ки он сӯзон бувад, Ё бар он пул, к-аз халал вайрон бувад. Хидмати шайхе, бузурге, қоиде Ом н-орад бе қаринай фосиде. Хайрашон ин аст, чӣ бвад шаррашон, Қубҳашонро боздон аз фаррашон.
Страница 81/140 |