|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шестая тетрадь |
|
|
Сабаби таъхири иҷобати дуъои мӯъмин Эй басо мухлис, ки нолад дар дуъо, То равад дуди хулусаш бар само. То равад болои ин сақфи барин Бӯйи маҷмар аз «анину-л-музнибин». Пас малоик бо Худо ноланд зор, К-эй муҷиби ҳар дуъо в-эй мустаҷор! Бандаи мӯъмин тазаррӯъ мекунад, ӯ намедонад ба ҷуз ту мустанад. Ту ато бегонагонро медиҳӣ, Аз ту дорад орзу ҳар муштаҳӣ. Ҳақ бифармояд, ки на-з хории ӯст, Айни таъхири ато ёрии ӯст. Ҳоҷат овардаш зи ғафлат сӯйи ман, Он кашидаш мӯкашон дар кӯйи ман. Гар барорам ҳоҷаташ ӯ воравад, Ҳам дар он бозича мустағрақ шавад. Гарчи менолад ба ҷон ё мустаҷор! Дилшикаста, синахаста, гӯ, бизор. Хуш ҳамеояд маро овози ӯ В-он Худоё гуфтану он рози ӯ. В-он ки андар лобаву дар моҷаро Мефиребонад ба ҳар навъе маро. Тӯтиёну булбулонро аз писанд Аз хушовозӣ қафас дармекананд. Зоғрову чуғдро андар қафас Кай кунанд? Ин худ наёмад дар қасас. Пеши шоҳид боз чун ояд ду тан, Он яке кампиру дигар хушзақан. Ҳар ду нон хоҳанд, ӯ зутар фатир Ораду кампирро гӯяд, ки гир. В-он дигарро, ки хуш асташ қадду хад, Кай диҳад нон? Балки таъхир афганад. Гӯядаш: «Биншин замоне бегазанд, Ки ба хона нони тоза мепазанд». Чун расад он нони гармаш, баъди кад, Гӯядаш: «Биншин, ки ҳалво мерасад». Ҳам бар ин фан дор-дораш мекунад В-аз раҳи пинҳон шикораш мекунад. Ки маро корест бо ту як замон, Мунтазир мебош, эй хуби ҷаҳон! Бемуродий мӯъминон аз неку бад Ту яқин медон, ки баҳри ин бувад.
Страница 119/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|