Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر ششوم

 
rumi

Баёни муҷоҳид, ки даст аз муҷоҳида боз надорад, агарчи донад бастати атои Ҳақро, ки мақсуд аз тарафи дигар ва ба сабаби навъи амали дигар бад-ӯ расонад, ки дар ваҳми ӯ набуда бошад, ӯ ҳамаи ваҳму умед дар ин тариқи муайян баста бошад. Ҳалқаи ҳамин дар мезанад, бу, ки Ҳақ таъоло он рӯзиро аз дари дигар бад-ӯ расонад, ки ӯ он тадбир накарда бошад ва «ярзуқуҳу мин ҳайсу ло яҳтасибу, ал-ъабду юдаббиру валлоҳу юқаддиру» ва бувад, ки бандаро ваҳми бандагӣ бувад, ки маро аз ғайри ин дар бирасонад, агарчи ман ҳалқаи ин дар мезанам, Ҳақ таъоло ӯро ҳам аз ин рӯзӣ расонад, филҷумла ин ҳама дарҳои як сарой аст, «маъа тақририҳ»

Ё дар ин раҳ, оядам он коми ман,
Ё чу бозоям зи раҳ сӯйи ватан.
Бу, ки мавқуф аст комам бар сафар,
Чун сафар кардам, биёбам дар ҳазар.
Ёрро чандин биҷӯям ҷидду чуст,
Ки бидонам, ки намебояст ҷуст.
Он маъийят кай равад дар гӯши ман?
То нагардам гирди даврони заман.
Кай кунам ман аз маъийят фаҳми роз?
Ҷуз ки аз баъди сафарҳои дароз.
Ҳақ маъийят гуфту дилро мӯҳр кард,
То ки акс ояд ба гӯши дил, на тард.
Чун сафарҳо карду доди роҳ дод,
Баъд аз он мӯҳр аз дили ӯ баргушод.
Чун хатоайн, он ҳисоби босафо
Гардадаш равшан зи баъди ду хато.
Баъд аз он гӯяд: «Агар донистаме
Ин маъийятро, кай ӯро ҷустаме?»
Дониши он буд мавқуфи сафар,
Н-ояд он дониш ба тезии фикар.
Ончунон ки ваҷҳи воми шайх буд
Баставу мавқуфи гиряй он вуҷуд.
Кӯдаки ҳалвоие бигрист зор,
Тӯхта шуд воми он шайхи кибор.
Гуфта шуд он достони маънавӣ,
Пеш аз ин андар хилоли маснавӣ.
Дар дилат хавф афганад аз мавзиъе,
То набошад ғайри онат матмаъе.
Дар тамаъ фойидаи дигар ниҳад,
В-он муродат аз касе дигар диҳад.
Эй тамаъ дар баста дар як ҷой сахт,
К-оядам мева аз он олӣ дарахт.
Он тамаъ з-он ҷо нахоҳад шуд вафо,
Бал зи ҷойи дигар ояд он ато.
Он тамаъро, пас чаро дар ту ниҳод?
Чун нахостат з-он тараф он чиз дод.
Аз барои ҳикматеву санъате,
Низ то бошад дилаш дар ҳайрате.
То дилат ҳайрон бувад, эй мустафид!
Ки муродам аз куҷо хоҳад расид?
То бидонӣ аҷзи хешу ҷаҳли хеш,
То шавад иқони ту дар ғайб беш.
Ҳам дилат ҳайрон бувад дар мунтаҷаъ,
Ки чӣ рӯёнад мусарриф з-ин тамаъ.
Тамъ дорӣ рӯзие дар дарзиӣ,
То зи хайётӣ барӣ зар, то зиӣ.
Ризқи ту дар заргарӣ орад падид,
Ки зи ваҳмат буд он максаб баъид.
Пас тамаъ дар дарзиӣ баҳри чӣ буд?
Чун нахост он ризқ з-он ҷониб гушуд.
Баҳри нодир ҳикмате дар илми Ҳақ,
Ки набишт он ҳукмро дар мосабақ.
Низ то ҳайрон бувад андешаат,
То ки ҳайронӣ бувад кул пешаат.
Ё висоли ёр з-ин саъям расад,
Ё зи роҳи хориҷ аз саъйи ҷасад.
Ман нагӯям з-ин тариқ ояд мурод,
Метапам, то аз куҷо хоҳад гушод?
Сарбурида мурғ ҳар сӯ мефитад,
То кадомин сӯ раҳад ҷон аз ҷасад?
Ё муроди ман барояд з-ин хуруҷ,
Ё зи бурҷе дигар аз зотулбуруҷ».

Саҳифаи 117/140
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر پنجوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵