|
|
|
|
Равон гаштани шоҳзодагон баъд аз тамоми баҳсу моҷаро ба ҷониби вилояти Чин, сӯйи маъшуқ ва мақсуд, то ба қадри имкон ба мақсуд наздиктар бошанд, агарчи роҳи васл масдуд аст ба қадри имкон наздиктар шудан маҳдуд аст ило охириҳ Ин бигуфтанду равон гаштанд зуд, Ҳар чӣ буд, эй ёри ман, он лаҳза буд. Сабр бигзиданду сиддиқин шуданд, Баъд аз он сӯйи билоди Чин шуданд. Волидайну мулкро бигзоштанд, Роҳи маъшуқи ниҳон бардоштанд. Ҳамчу Иброҳими Адҳам аз сарир Ишқашон бепову сар карду фақир. Ё чу Иброҳими мурсал сарх(в)аше Хешро афганд андар оташе. Ё чу Исмоили саббори маҷид, Пеши ишқу ханҷараш ҳалқе кашид.
114/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|