|
Ҳикояти он подшоҳ ва васият кардани ӯ се писари хешро, ки дар ин сафар дар мамолики ман фалон ҷо чунин тартиб ниҳед ва фалон ҷо чунин наввоб насб кунед, аммо Аллоҳ-Аллоҳ ба фалон қалъа маравед ва гирди он магардед Буд шоҳе, шоҳро буд се писар, Ҳар се соҳибфатнату соҳибназар. Ҳар яке аз дигаре истудатар Дар сахову дар вағову карру фар. Пеши шаҳ шаҳзодагон истода ҷамъ, Қурратулайнони шаҳ ҳамчун се шамъ. Аз раҳи пинҳон, зи айнайни писар Мекашид обе нахили он падар. То зи фарзанд оби ин чашма шитоб, Меравад сӯйи риёзи мому боб. Тоза мебошад риёзи волидайн, Гашта ҷорӣ айнашон з-ин ҳар ду айн. Чун шавад чашма зи беморӣ алил, Хушк гардад баргу шохи он нахил. Хушкии нахлаш ҳамегӯяд ба дид, Ки зи фарзандон шаҷар нам мекашид. Эй басо корези пинҳон ҳамчунин, Муттасил бо ҷонатон, ё ғофилин! Эй кашида з-осмону аз замин, Мояҳо, то гашта чашми ту самин. Тан зи аҷзои ҷаҳон дуздидаӣ, Пора-пора з-ину он бибридаӣ. Аз замину офтобу осмон, Пораҳо бардӯхтӣ бар ҷисму ҷон. Ё ту пиндорӣ, ки бурдӣ ройгон, Боз настонанд аз ту ину он. Колаи дуздида набвад пойдор, Лекин орад дуздро то пойи дор. Орияст ин кам ҳамебояд фишорд, К-ончӣ бигрифтӣ, ҳамебояд гузорд. Ҷуз «нафахту», к-он зи ваҳҳоб омадаст, Рӯҳро бош, он дигарҳо беҳудаст. Беҳуда нисбат ба ҷон мегӯямаш, Не ба нисбат бо санеъи муҳкамаш.
Страница 103/140 |