|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шестая тетрадь |
|
|
Руҷӯъ кардан ба қиссаи он поймард ва он ғариби вомдор ва бозгаштани эшон аз сари гӯри хоҷа ва хоб дидани поймард хоҷаро ило охириҳ Бениҳоят омад ин хуш саргузашт, Чун ғариб аз гӯри хоҷа бозгашт. Поймардаш сӯйи хонай хеш бурд, Мӯҳри сад динорро фо ӯ супурд. Луташ оварду ҳикоятҳош гуфт, К-аз умед андар дилаш сад гул шукуфт. Он чӣ «баъда-л-усри юср» ӯ дида буд, Бо ғариб аз қиссаи он лаб гушуд. Ними шаб бигзашту афсонакунон, Хобашон андохт то маръои ҷон. Дид помард он ҳумоюн хоҷаро, Андар он шаб хоб бар садри саро. Хоҷа гуфт: «Эй поймарди бонамак, Он чӣ гуфтӣ, ман шунидам як ба як. Лек посух доданам фармон набуд, Бе ишорат лаб наёрастам гушуд. Мо чу воқиф гаштаем аз чуну чанд, Мӯҳр бар лабҳои мо бинҳодаанд. То нагардад розҳои ғайб фош, То нагардад мунҳадим айшу маош. То надаррад пардаи ғафлат тамом, То намонад деги меҳнат нимхом. Мо ҳама гӯшем, гар шуд нақши гӯш, Мо ҳама нутқем, лекин лаб хамӯш. Ҳар чӣ мо додем, дидем ин замон, Ин ҷаҳон пардасту айн аст он ҷаҳон. Рӯзи киштан рӯзи пинҳон кардан аст, Тухм дар хоке парешон кардан аст. Вақти бидрудан гаҳи минҷал задан Рӯзи подош омаду пайдо шудан.
Страница 101/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|