|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتر ششوم |
|
|
Вогаштани мурид аз висоқи шайх ва пурсидан аз мардум ва нишон додани эшон, ки шайх ба фалон беша рафтааст Баъд аз он пурсон шуд ӯ аз ҳар касе, Шайхро меҷуст аз ҳар сӯ басе. Пас касе гуфташ, ки он қутби диёр Рафт, то ҳезум кашад аз кӯҳсор. Он муриди зулфиқорандеш тафт Дар ҳавои шайх сӯйи беша рафт. Дев меовард пеши ҳуши мард Васваса, то хуфя гардад маҳ зи гард. К-инчунин занро чаро ин шайхи дин Дорад андар хона ёру ҳамнишин? Зиддро бо зидд инос аз куҷо? Бо имомуннос наснос аз куҷо?» Боз ӯ «лоҳавл» мекард оташин, К-эътирози ман бар ӯ куфр асту кин. Ман кӣ бошам бо тасарруфҳои Ҳақ? Ки барорад нафси ман ишколу дақ. Боз нафсаш ҳамла меовард зуд, З-ин таарруф дар дилаш чун коҳдуд, Ки чӣ нисбат девро бо Ҷабрайил? Ки бувад бо ӯ ба сӯҳбат ҳам мақил. Чун тавонад сохт бо Озар Халил? Чун тавонад сохт бо раҳзан далел?
Саҳифаи 73/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|