|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шестая тетрадь |
|
|
Пурсидани он ворид аз ҳарами шайх, ки шайх куҷост? Куҷо ҷӯем? Ва ҷавоби нофарҷом гуфтани ҳарами шайх Ашкаш аз дида биҷасту гуфт ӯ Бо ҳама: «Он шоҳи ширинном ку?» Гуфт: «Он солуси зарроқи тиҳӣ, Доми гӯлону каманди гумраҳӣ. Садҳазорон хомришон ҳамчу ту Уфтода аз вай андар сад уту. Гар набинишу саломат воравӣ, Хайри ту бошад, нагардӣ з-ӯ ғавӣ. Лофкеше, косалесе, таблхор, Бонги таблаш рафта атрофи диёр. Сибтиянд ин қавму гӯсолапараст, Дар чунин гове чӣ мемоланд даст? «Ҷифату-л-лайл» асту «баттолу-н-наҳор», Ҳар кӣ ӯ шуд ғарраи ин таблхор. Ҳиштаанд ин қавм сад илму камол, Макру тазвире гирифта, кин-ст ҳол. Оли Мӯсо ку? Дареғо, то кунун Обидони иҷлро резанд хун. Шаръу тақворо фиганда сӯйи пушт, Ку Умар? Ку амри маъруфе дурушт? К-ин ибоҳат з-ин ҷамоъат фош шуд, Рухсати ҳар муфсиди қаллош шуд. Ку раҳи пайғамбару асҳоби ӯ? Ку намозу субҳаву одоби ӯ?»
Страница 71/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|