|
|
 |
 |
 |
 |
 |
 |
 |
Шестая тетрадь |
|
 |
Ҳикояти муриди шайх Абулҳасани Харақонӣ қаддасаллоҳу сирраҳу Рафт дарвеше зи шаҳри Толиқон Баҳри сити Булҳусайни Хориқон. Кӯҳҳо бибриду водии дароз Баҳри диди шайхи босидқу ниёз. Он чӣ дар раҳ дид аз ранҷу ситам, Гарчи дархурд аст, кӯтаҳ мекунам. Чун ба мақсад омад аз раҳ он ҷавон, Хонаи он шоҳро ҷуст ӯ нишон. Чун ба сад ҳурмат бизад ҳалқай дараш, Зан бурун кард аз дари хона сараш. Ки чӣ мехоҳӣ? Бигӯ, эй зулкарам! Гуфт: «Бар қасди зиёрат омадам». Хандае зад зан, ки хиҳ-хиҳ! Риш бин, Ин сафаргириву ин ташвиш бин. Худ туро коре набуд он ҷойгоҳ? Ки ба беҳуда кунӣ ин азми роҳ. Иштиҳои гӯлгардӣ омадат? Ё малулии ватан ғолиб шудат? Ё магар деват душоха барниҳод? Бар ту васвоси сафарро даргушод». Гуфт нофарҷому фаҳшу дамдама, Ман натонам боз гуфтан он ҳама. Аз масал в-аз ришханди беҳисеб Он мурид афтод аз ғам бар нишеб.
Страница 70/140 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
|