|
|
 |
 |
 |
 |
 |
 |
 |
Шестая тетрадь |
|
 |
Фош шудани хабари ин ганҷ ва расидан ба гӯши подшоҳ Пас хабар карданд султонро аз ин Он гурӯҳе, ки буданд андар камин. Арза карданд он суханро зердаст, Ки фалонӣ ганҷнома ёфтаст. Чун шунид ин шахс, к-ин бо шаҳ расид, Ҷуз ки таслиму ризо чора надид. Пеш аз он, к-ишканҷа бинад з-он қубод, Руқъаро он шахс пеши ӯ ниҳод. Гуфт: «То ин руқъаро ёбидаам, Ганҷ неву ранҷ беҳад дидаам. Худ нашуд як ҳабба аз ганҷ ошкор, Лек печидам басе ман ҳамчу мор. Муддати моҳе чунинам талхком, Ки зиёну суди ин бар ман ҳаром. Бу, ки бахтат барканад з-ин кон ғито, Эй шаҳи пирӯзҷангу дизгушо». Муддати шаш моҳу афзун подшоҳ Тир меандохту бармеканд чоҳ. Ҳар куҷо сахтакамоне буд чуст, Тири дод андохту ҳар сӯ ганҷ ҷуст. Ғайри ташвишу ғаму томот не, Ҳамчу анқо, ном фошу зот не.
Страница 67/140 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
|