|
Тамомии қиссаи он фақир ва нишони ҷои он ганҷ Андар он руқъа набишта буд ин, Ки буруни шаҳр ганҷе дон дафин. Он фалон қубба, ки дар вай машҳад аст, Пушти ӯ дар шаҳру дар дар фадфад аст. Пушт бо вай кун ту, рӯ дар қибла ор, В-он гаҳон аз қавс тире даргузор. Чун фигандӣ тир аз қавс, эй суъод! Баркан он мавзеъ, ки тират уфтод. Пас камони сахт овард он фато, Тир парронид дар саҳни фазо. З-ӯ табар оварду бел ӯ шоди шод, Канд он мавзеъ, ки тираш уфтод. Кунд шуд ҳам ӯву ҳам белу табар, Худ надид аз ганҷи пинҳоне асар. Ҳамчунин ҳар рӯз тир андохтӣ, Лек ҷойи ганҷро нашнохтӣ. Чунки инро пеша кард ӯ бардавом, Фуҷфуҷе дар шаҳр афтоду авом.
Саҳифаи 66/140 |