 |
Боз мукаррар кардани сӯфӣ суолро Гуфт сӯфӣ: «Қодир аст он мустаъон, Ки кунад савдои моро безиён. Он ки оташро кунад варду шаҷар, Ҳам тавонад кард инро безарар. Он ки гул орад бурун аз айни хор, Ҳам тавонад кард ин дайро баҳор. Он ки з-ӯ ҳар сарв озодӣ кунад, Қодир аст, ар ғуссаро шодӣ кунад. Он ки шуд мавҷуд аз вай ҳар адам, Гар бидорад боқияш, ӯро чӣ кам? Он ки танро ҷон диҳад, то ҳай шавад, Гар намиронад, зиёнаш кай шавад? Худ чӣ бошад, гар бибахшад он ҷавод? Бандаро мақсуди ҷон, бе иҷтиҳод. Дур дорад аз заъифон дар камин Макри нафсу фитнаи деви лаъин».
Страница 60/140 |