|
|
 |
 |
 |
 |
 |
 |
 |
Шестая тетрадь |
|
 |
МасалОн яке мешуд ба раҳ сӯйи дукон, Пеши раҳро баста дид ӯ аз занон. Пойи ӯ месӯхт аз таъҷилу роҳ Баста аз ҷавқи занони ҳамчу моҳ. Рӯ ба як зан карду гуфт: «Эй мустаҳон! Ҳай, чӣ бисёред, эй духтарчагон!» Рӯ бад-ӯ кард он зану гуфт: «Эй амин! Ҳеч бисёрии мо мункар мабин. Бин, ки бо бисёрии мо бар бисот Танг меояд шуморо инбисот. Дар ливота мефитед аз қаҳти зан, Фоъилу мафъул расвои заман». Ту мабин ин воқеъоти рӯзгор, К-аз фалак мегардад ин ҷо ногувор. Ту мабин таҳшири рӯзиву маъош, Ту мабин ин қаҳту хавфу иртиъош. Бин, ки бо ин ҷумла талхиҳои ӯ Мурдаи ӯеду нопарвои ӯ. Раҳмате дон имтиҳони талхро, Нақмате дон мулки Марву Балхро. Он Бироҳим аз талаф нагрехту монд, Ин Бироҳим аз шараф бигрехту ронд. Он насӯзад в-ин бисӯзад, эй аҷаб, Наъли маъкус аст дар роҳи талаб.
Страница 59/140 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
|