 |
|
 |
Поиск |
|
 |
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
 |
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
 |
 |
 |
 |
 |
 |
 |
Шестая тетрадь |
|
 |
Мазоҳик гуфтани дарзӣ ва туркро аз қуввати ханда баста шудани ду чашми танги ӯ ва фурсат ёфтани дарзӣ Турк хандидан гирифт аз достон, Чашми тангаш гашт баста он замон. Порае дуздиду кардаш зери рон, Аз ҷузи Ҳақ, аз ҳама аҳё ниҳон. Ҳақ ҳамедид он, вале сатторхӯст, Лек чун аз ҳад барӣ, ғаммоз ӯст. Туркро аз лаззати афсонааш Рафт аз дил даъвии пешонааш. Атласи чӣ? Даъвии чӣ? Раҳни чӣ? Турк сармаст аст дар лоғи ачӣ. Лоба кардаш турк, к-аз баҳри Худо Лоғ мегӯ, ки маро шуд муғтазо». Гуфт лоғе хандумине он дағо, Ки фитод аз қаҳқаҳа ӯ бар қафо. Порае атлас сабук бар нифа зад, Турк ғофил хуш мазоҳик мемазад. Ҳамчунин бори севум турки Хато Гуфт: «Лоғе гӯй аз баҳри Худо». Гуфт лоғе хандуминтар з-он ду бор, Кард ӯ ин туркро куллӣ шикор. Чашм баста, ақл ҷаста, мӯ лаҳа Ҳаст турки муддаъӣ аз қаҳқаҳа. Пас севум бор аз қабо дуздид шох, Ки зи хандаш ёфт майдони фарох. Чун чаҳорум бор он турки Хато Лоғ аз он усто ҳамекард иқтизо. Раҳм омад бар вай он устодро, Кард дар боқӣ фану бедодро. Гуфт: «Мӯлаъ гашт ин мафтун дар ин, Бехабар, к-ин чӣ хасор асту ғабин». Бӯса афшон кард бар устод ӯ, Ки ба ман баҳри Худо афсона гӯ. Эй фасона гаштаву маҳв аз вуҷуд, Чанд афсона бихоҳӣ озмуд? Хандуминтар аз ту ҳеч афсона нест, Бар лаби гӯри хароби хеш ист. Эй фурӯ рафта ба гӯри ҷаҳлу шак, Чанд ҷӯйӣ лоғу дастони фалак? То ба кай нӯшӣ ту ишвай ин ҷаҳон? Ки на ақлат монд бар қонун, на ҷон. Лоғи ин чархи надими кирду мурд Обрӯйи садҳазорон чун ту бурд. Медарад, медӯзад ин дарзии ом Ҷомаи садсолагони тифли хом. Лоғи ӯ гар боғҳоро дод дод, Чун дай омад, додаро бар бод дод. Пиратифлон шиста пешаш баҳри кад, То ба саъду наҳс ӯ лоғе кунад.
Страница 56/140 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
|