|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتر ششوم |
|
|
Суол кардани он сӯфӣ қозиро Гуфт сӯфӣ: «Чун зи як кон аст зар, Ин чаро нафъ асту он дигар зарар? Чунки ҷумла аз яке даст омадаст, Ин чаро ҳушёру он маст омадаст? Чун зи як дарёст ин ҷӯҳо равон, Ин чаро нӯш асту он заҳри даҳон? Чун ҳама анвор аз шамси бақост, Субҳи содиқ, субҳи козиб аз чӣ хост? Чун зи як сурмаст нозирро каҳал, Аз чӣ омад ростбиниву ҳавал? Чунки доруззарбро султон Худост, Нақдро чун зарби хубу норавост? Чун Худо фармуд раҳро роҳи ман, Ин хафир аз чист в-он як роҳзан? Аз як ишкам чун расад ҳурру сафиҳ? Чун яқин шуд «ал-валад сирру абиҳ». Ваҳдате, ки дид бо чандин ҳазор, Садҳазорон ҷунбиш аз айни қарор?»
Саҳифаи 50/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|