|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шестая тетрадь |
|
|
Васийят кардани он шахс, ки баъд аз ман ӯ барад моли маро аз се фарзанди ман, ки коҳилтар аст Он яке шахсе ба вақти марги хеш Гуфта буд андар васийят пеш-пеш. Се писар будаш чу се сарви равон, Вақфи эшон карда ӯ ҷону равон. Гуфт: «Ҳар чӣ дар кафам кола-в зар аст, ӯ барад з-ин ҳар се, к-ӯ коҳилтар аст». Гуфт бо қозиву бас андарз кард, Баъд аз он ҷоми шароби марг х(в)ард. Гуфта фарзандон ба қозӣ, к-эй карим! Нагзарем аз ҳукми ӯ мо се ятим. Самъу тоъа мекунем, ӯрост даст, Он чӣ ӯ фармуд, бар мо нофиз аст. Мо чу Исмоил з-Иброҳими х(в)ад Сар напечем, арчи қурбон мекунад. Гуфт қозӣ ҳар яке бо оқилиш То бигӯяд қиссае аз коҳилиш. То бибинам коҳилии ҳар яке, То бидонам ҳоли ҳар як бе шаке. Орифон аз ду ҷаҳон коҳилтаранд, З-он ки бе шудёр хирман мебаранд. Коҳилиро кардаанд эшон санад, Кори эшонро чу Яздон мекунад. Кори Яздонро намебинанд ом, Менаёсоянд аз кад субҳу шом. Ҳин, зи ҳадди коҳилӣ гӯянд боз, То бидонам ҳадди он аз кашфи роз. Бегумон ки ҳар забон пардай дил аст, Чун биҷунбад парда, сирҳо восил аст. Пардаи кӯчак чу як шарҳай кабоб Менапӯшад сурати сад офтоб. Гар баёни нутқ козиб низ ҳаст, Лек бӯй аз сидқу кизбаш мухбир аст. Он насиме, ки биёяд аз чаман, Ҳаст пайдо аз сумуми гӯлхан. Бӯйи сидқу бӯйи кизби гӯлгир Ҳаст пайдо дар нафас чун мушку сир. Гар надонӣ ёрро аз даҳдила, Аз машоми фосиди худ кун гила. Бонги ҳезону шуҷоъони далер Ҳаст пайдо чун фани рӯбоҳу шер. Ё забон ҳамчун сари дег аст рост, Чун биҷунбад, ту бидонӣ чӣ ибост? Аз бухори он бидонад тезҳуш Деги ширинӣ зи сикбоҷи туруш. Даст бар деги наве чун зад фато, Вақти бихридан бидид ишкастаро. Гуфт: «Донам мардро дар ҳин зи пӯз В-ар нагӯяд, донамаш андар се рӯз». В-он дигар гуфт: «Ар бигӯяд, донамаш В-ар нагӯяд, дар сухан печонамаш». Гуфт: «Агар ин макр бишнида бувад, Лаб бибандад, дар хамӯшӣ дарравад».
Страница 139/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|