|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шестая тетрадь |
|
|
Мутаваффо шудани бузургин аз шаҳзодагон ва омадани бародари миёнин ба ҷанозаи бародар, ки он кӯчакин соҳибфирош буд аз ранҷурӣ ва навохтани подшоҳ миёнинро, то ӯ ҳам ланги эҳсон шуд, монд пеши подшоҳ, сад ҳазор ғаноими ғайбиву айнӣ бад-ӯ расид аз давлат ва назари он шоҳ «маъа тақрири баъзиҳи» Кӯчакин ранҷур буду он васат Бар ҷанозай он бузург омад фақат. Шоҳ дидаш, гуфт қосид, к-ин кӣ аст? Ки аз он баҳр асту ин ҳам моҳӣ аст». Пас муарриф гуфт: «Пури он падар, Ин бародар з-он бародар хурдтар». Шаҳ навозидаш, ки ҳастӣ ёдгор, Кард ӯро ҳам бад-он пурсиш шикор. Аз навози шоҳ он зори ҳанид Дар тани худ ғайри ҷон ҷоне бидид. Дар дили худ дид олӣ ғулғула, Ки наёбад сӯфӣ он дар сад чила. Арсаву девору кӯҳи сангбофт, Пеши ӯ чун нори хандон мешикофт. Зарра-зарра пеши ӯ ҳамчун қибоб, Дам ба дам мекард сад гун фатҳи боб. Боб гаҳ равзан шудӣ, гоҳе шуоъ, Хок гаҳ гандум шудиву гоҳ соъ. Дар назарҳо чарх, бас кӯҳна-в қадид, Пеши чашмаш, ҳар даме халқи ҷадид. Рӯҳи зебо чунки вораст аз ҷасад, Аз қазо бешак чунин чашмаш расад. Садҳазорон ғайб пешаш шуд падид, Он чӣ чашми маҳрамон бинад, бидид. Он чӣ ӯ андар кутуб бархонда буд, Чашмро дар сурати он баргушуд. Аз ғубори маркаби он шоҳи нар Ёфт ӯ кӯҳли азизӣ дар басар. Бар чунин гулзор доман мекашид, Ҷузв-ҷузваш наъразан: «ҳал мин мазид?» Гулшане, к-аз бақл рӯяд, як дам аст, Гулшане, к-аз ақл рӯяд, хуррам аст. Гулшане, к-аз гил дамад, гардад табоҳ, Гулшане, к-аз дил дамад, вофарҳатоҳ. Илмҳои бомазай дониста мон, З-он гулистон як-ду-се гулдаста дон. З-он забуни ин ду-се гулдастаем, Ки дари гулзор бар худ бастаем. Ончунон мифтоҳҳо ҳар дам ба нон Мефутад, эй ҷон, дареғо аз банон. В-ар даме ҳам фориғ орандат зи нон, Гирди чодар гардиву ишқи занон. Боз истисқот чун шуд мавҷзан, Мулки шаҳре боядат пурнону зан. Мор будӣ, аждаҳо гаштӣ магар, Як сарат буд, ин замонӣ ҳафтсар. Аждаҳои ҳафтсар дӯзах бувад, Ҳирси ту донасту дӯзах фах бувад. Домро бидрон, бисӯзон донаро, Боз кун дарҳои нав, ин хонаро. Чун ту ошиқ нестӣ, эй наргадо! Ҳамчу кӯҳе бехабар дорӣ садо. Кӯҳро гуфтор кай бошад зи х(в)ад? Акси ғайр аст он садо, эй мӯътамад! Гуфти ту з-он сон, ки акси дигарест, Ҷумла аҳволат ба ҷуз ҳам акс нест. Хашму завқат ҳар ду акси дигарон, Шодии қавводаву хашми авон. Он авонро он заъиф охир чӣ кард? Ки диҳад ӯро ба кина заҷру дард. То ба кай акси хаёли ломиъа, Ҷаҳд кун, то гардадат ин воқиъа. То ки гуфторат зи ҳоли ту бувад, Сайри ту бо парру боли ту бувад. Сайд гирад тир, ҳам бо парри ғайр, Лоҷарам бебаҳра аст аз лаҳми тайр. Боз сайд орад ба худ аз кӯҳсор, Лоҷарам шоҳаш хуронад кабку сор. Мантиқе, к-аз ваҳй набвад, аз ҳавост, Ҳамчу хоке дар ҳавову дар ҳабост. Гар намояд хоҷаро ин дам ғалат, З-аввали «ва-н-наҷм» бархон чанд хат. То ки «мо янтиқ Муҳаммад ан ҳаво, Ин ҳува илло биваҳйи иҳтаво». Аҳмадо, чун нестат аз ваҳй ёс (яъс), Ҷисмиёнро деҳ таҳарриву қиёс. К-аз зарурат ҳаст мурдоре ҳалол, Ки таҳаррӣ нест дар Каъбай висол. Бе таҳаррӣ в-иҷтиҳодоти ҳудо, Ҳар кӣ бидъат пеша гирад аз ҳаво. Ҳамчу Одаш барбарад боду кушад, На Сулаймон аст, то тахташ кашад. Одро бод аст ҳаммоли хазул, Ҳамчу барра дар кафи марде акул. Ҳамчу фарзандаш ниҳода бар канор, Мебарад то бикшадаш қассобвор. Одро он бод з-истикбор буд, Ёри худ пиндоштанд, ағёр буд. Чун бигардонид ногаҳ пӯстин, Хурдашон бишкаст он «биъса-л-қарин». Бодро бишкан, ки бас фитнаст бод, Пеш аз он, к-ит бишканад ӯ ҳамчу Од. Ҳуд додӣ панд, к-эй пуркибри хайл, Барканад аз дастатон ин бод зайл. Лашкари Ҳақ(қ) аст боду аз нифоқ Чанд рӯзе бо шумо кард эътиноқ. ӯ ба сар бо холиқи худ рост аст, Чун аҷал ояд, барорад бод даст. Бодро андар даҳан бин раҳгузар, Ҳар нафас оён, равон дар карру фар. Ҳалқу дандонҳо аз ӯ омин бувад, Ҳақ чу фармояд, ба дандон дарфутад. Кӯҳ гардад заррае боду сақил, Дарди дандон дорадаш зору алил. Ин ҳамон бод аст, к-омин мегузашт, Буд ҷони кашту гашт ӯ марги кашт. Дасти он кас, ки бикардат дастбӯс, Вақти хашм он даст мегардад дабӯс. Ё рабу ё раб барорад ӯ зи ҷон, Ки бибур ин бодро, эй мустаъон! Эй даҳон, ғофил будӣ з-ин бод, рав, Аз буни дандон дар истиғфор шав. Чашми сахташ ашкҳо борон кунад, Мункиронро дард «Аллаҳ»-хон кунад. Чун дами мардон напазруфтӣ зи мард, Ваҳйи Ҳақро, ҳин пазиро шав зи дард. Бод гӯяд пайкам аз шоҳи башар, Гаҳ хабар хайр оварам, гаҳ шуму шар. З-он ки маъмурам, амири худ наям, Ман чу ту ғофил зи шоҳи худ каям? Гар сулаймонвор будӣ ҳоли ту, Чун Сулаймон гаштаме ҳаммоли ту. Ория-стам, гаштаме мулки кафат, Кардаме бар рози худ ман воқифат. Лек чун ту ёғиӣ, ман мустаъор, Мекунам хидмат туро рӯзе се-чор. Пас чу Одат сарнигуниҳо диҳам, З-испаҳи ту ёғиёна барҷаҳам. То ба ғайб имони ту муҳкам шавад, Он замон, к-имон-т мояй ғам шавад. Он замон худ ҷумлагон мӯъмин шаванд, Он замон худ саркашон бар сар даванд. Он замон зорӣ кунанду ифтиқор, Ҳамчу дузду роҳзан дар зери дор. Лек гар дар ғайб гардӣ муставӣ, Молики дорайну шаҳнай худ тувӣ. Шаҳнагиву подшоҳии муқим На дурӯза-в мустаъор асту сақим. Растӣ аз бегору кори худ кунӣ, Ҳам ту шоҳу ҳам ту табли худ занӣ. Чун гулӯ танг оварад бар мо ҷаҳон, Хок хӯрдӣ кошкӣ ҳалқу даҳон. Ин даҳон худ хокхоре омадаст, Лек хокеро, ки он рангин шудаст. Ин кабобу ин шаробу ин шакар Хоки рангин асту нақшин, эй писар! Чунки хӯрдиву шуд онҳо лаҳму пӯст, Ранги лаҳмаш доду ин ҳам хоки кӯст. Ҳам зи хоке бахя бар гил мезанад, Ҷумларо ҳам боз хоке мекунад. Ҳиндуву қипчоқу румиву ҳабаш Ҷумла якранганд андар гӯр х(в)аш. То бидонӣ, к-он ҳама рангу нигор Ҷумла рӯпӯш асту макру мустаъор. Ранги боқӣ сибғатуллоҳ асту бас, Ғайри он, барбаста дон ҳамчу ҷарас. Ранги сидқу ранги тақвову яқин То абад боқӣ бувад бар обидин. Ранги шакку ранги куфрону нифоқ То абад боқӣ бувад бар ҷони оқ. Чун сияҳрӯии Фиръавни дағо, Ранги он боқиву ҷисми ӯ фано. Барқу фарри рӯйи хуби содиқин, Тан фано шуд в-он ба ҷо то явми дин. Зишт он зишт асту хуб он хубу бас, Доим он заҳҳоку ин андар абас. Хокро рангу фану санге диҳад, Тифлхӯёнро бар он ҷанге диҳад. Аз хамире уштуру шере пазанд, Кӯдакон аз ҳирси он каф мегазанд. Шеру уштур нон шавад андар даҳон, Дарнагирад ин сухан бо кӯдакон. Кӯдак андар ҷаҳлу пиндору шакест, Шукри борӣ, қуввати ӯ андакест. Тифлро истезаву сад офат аст, Шукри ин ки бефану беқувват аст. Вой аз ин тифлони пири ноадиб, Гашта аз қувват балои ҳар рақиб. Чун силоҳу ҷаҳл ҷамъ ояд ба ҳам, Гашт Фиръавни ҷаҳонсӯз аз ситам. Шукр кун, эй марди дарвеш, аз қусур, Ки зи фиръавнӣ раҳидӣ в-аз куфур. Шукр, ки мазлумиву золим наӣ, Эмин аз Фиръавниву ҳар фитнаӣ. Ишками тӣ лофи аллоҳӣ назад, К-оташашро нест аз ҳезум мадад. Ишками холӣ бувад зиндони дев, К-иш ғами нон монеъ аст аз макру рев. Ишками пурлут дон бозори дев, Тоҷирони девро дар вай ғирев. Тоҷирони соҳири лошайфурӯш Ақлҳоро тира карда аз хурӯш. Хум равон карда зи сеҳре чун фарас, Карда карбосе зи маҳтобу ғалас. Чун бирешим хокро барметананд, Хок дар чашми мумаййиз мезананд. Чандалеро ранги уде медиҳанд, Бар кулӯхемон ҳасудӣ медиҳанд. Пок он, ки хокро ранге диҳад, Ҳамчу кӯдакмон бар он ҷанге диҳад. Домане пурхок, мо чун тифлакон, Дар назармон хок ҳамчун зарри кон. Тифлро бо болиғон набвад маҷол, Тифлро Ҳақ кай нишонад бо риҷол? Мева гар кӯҳна шавад, то ҳаст хом Пухта набвад, ғӯра гӯяндаш ба ном. Гар шавад садсола он хоми туруш, Тифлу ғӯра-ст ӯ бари ҳар тезҳуш. Гарчи бошад мӯву риши ӯ сапед, Ҳам дар он тифлии хавф асту умед, Ки расам? Ё норасида мондаам? Эй аҷаб, бо ман кунад карм он карам? Бо чунин ноқобиливу дурие, Бахшад ин ғӯрай маро ангурие? Нестам уммедвор аз ҳеч сӯ В-он карам мегӯядам: «ло тайъасу». Доимо хоқони мо кардаст «ту», Гӯшамонро мекашад «ло тақнату». Гарчи мо з-ин ноумедӣ дар гавем, Чун сало зад, дастандозон равем. Дастандозем чун асбони сис, Дар давидан сӯйи маръои анис. Гомандозему он ҷо гом не, Ҷомпардозему он ҷо ҷом не. З-он ки он ҷо ҷумла ашё ҷонӣ аст, Маънӣ андар маънӣ андар маънӣ аст. Ҳаст сурат соя, маънӣ офтоб, Нур бесоя бувад андар хароб. Чунки он ҷо хишт бар хиште намонд, Нури маҳро сояи зиште намонд. Хишт агар заррин бувад, барканданист, Чун баҳои хишт ваҳю равшанист. Кӯҳ баҳри дафъи соя мундак аст, Пора гаштан баҳри ин нур андак аст. Бар буруни куҳ чу зад нури самад, Пора шуд, то дар дарунаш ҳам занад. Гурсуна чун бар кафаш зад қурси нон, Вошикофад аз ҳавас чашму даҳон. Садҳазорон пора гаштан арзад ин, Аз миёни чарх бархез, эй замин! То ки нури чарх гардад соясӯз, Шаб зи сояй «ту»-ст, эй ёғии рӯз! Ин замин чун гоҳворай тифлакон Болиғонро танг медорад макон. Баҳри тифлон Ҳақ заминро маҳд хонд, Дар гавора шир бар тифлон фишонд. Хона танг омад аз ин гаҳвораҳо, Тифлаконро зуд болиғ кун, шаҳо! Эй гавора, хонаро заййиқ мадор, То тавонад кард болиғ интишор.
Страница 133/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|