|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шестая тетрадь |
|
|
Дар тафсири ин хабар, ки Мустафо салавотуллоҳи алайҳи фармуд: «Ман кунту мавлоҳу фаъаллиюн мавлоҳу», то мунофиқон таъна заданд, ки бас набудаш, ки мо мутеъӣ ва чокарӣ намудем ӯро? Чокарии кӯдаке хулмолудамон ҳам мефармояд? Ило охириҳ З-ин сабаб пайғамбари боиҷтиҳод Номи худ в-они Алӣ мавло ниҳод. Гуфт: «Ҳар к-ӯро манам мавлову дӯст, Ибни амми ман Алӣ мавлои ӯст. Кист мавло? Он ки озодат кунад, Банди риққийят зи поят барканад. Чун ба озодӣ нубувват ҳодӣ аст, Мӯъминонро з-анбиё озодӣ аст. Эй гурӯҳи мӯъминон, шодӣ кунед, Ҳамчу сарву савсан озодӣ кунед. Лек мегӯед ҳар дам шукри об Бе забон, чун гулситони хушхизоб. Бе забон гӯянд сарву сабзазор Шукри обу шукри адли навбаҳор. Ҳуллаҳо пӯшидаву доманкашон, Масту раққосу хушу анбарфишон. Ҷузв-ҷузв обастан аз шоҳи баҳор, Ҷисмашон чун дурҷи пурдурри симор. Марямон, бе шӯй обаст аз Масеҳ, Хомушон, бе лофу гуфторе фасеҳ. Моҳи мо бе нутқ хуш бартофтаст, Ҳар забон нутқ аз фари мо ёфтаст. Нутқи Исо аз фари Марям бувад, Нутқи Одам партави он дам бувад. То зиёдат гардад аз шукр, эй сиқот! Пас наботи дигар аст андар набот. Акси он ин ҷост: «залла, ман қанеъ», Андар ин тавр аст: «азза ин тамеъ». Дар ҷуволи нафси худ чандин марав, Аз харидорони худ ғофил машав.
Страница 129/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|