|
Омадани ноиби қозӣ миёни бозор ва харидорӣ кардан сандуқро аз Ҷӯҳӣ ило охириҳ Ноиб омад, гуфт: «Сандуқат ба чанд?» Гуфт: «Нӯҳсад бештар зар медиҳанд. Ман намеоям фурӯтар аз ҳазор, Гар харидорӣ, гушо киса, биёр». Гуфт: «Шарме дор, эй кӯтаҳнамад! Қимати сандуқ худ пайдо бувад». Гуфт: «Бе рӯъят широ худ фосидист, Байъи мо зери гилем, ин рост нест. Баргушоям, гар намеарзад, махар, То набошад бар ту ҳайфе, эй падар!» Гуфт: «Эй саттор, бармагшой роз, Сар бибаста мехарам, бо ман бисоз». Ситр кун, то бар ту сатторӣ кунанд, То набинӣ оминӣ, бар кас маханд. Бас дар ин сандуқ чун ту мондаанд, Хешро андар бало биншондаанд. Он чӣ бар ту хоҳи он бошад писанд, Бар дигар кас он кун аз ранҷу газанд. З-он ки бар мирсод Ҳақ в-андар камин Медиҳад подош пеш аз явми дин. Он азимуларш арши ӯ муҳит, Тахти додаш бар ҳамай ҷонҳо басит. Гӯшаи аршаш ба ту пайваста аст, Ҳин, маҷунбон ҷуз ба дину дод даст. Ту муроқиб бош бар аҳволи хеш, Нӯш бин дар доду баъд аз зулм неш. Гуфт: «Оре, ин чӣ кардам, истам аст Лек ҳам медон, ки боди азлам аст». Гуфт ноиб: «Як ба як мо бодием, Бо саводи ваҷҳ андар шодием. Ҳамчу зангӣ, к-ӯ бувад шодону х(в)аш, ӯ набинад, ғайри ӯ бинад рухаш». Моҷаро бисёр шуд дар «ман язид», Дод сад динору он аз вай харид. Ҳар даме сандуқиӣ, эй бадписанд, Ҳотифону ғайбиёнат мечаранд.
Страница 128/140 |