Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Когда сочтут деяния твоей души и плоти,
Ты в судный день застрянешь, как тот осел в болоте.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Шестая тетрадь

 
rumi

Расидани он шахс ба Миср ва шаб берун омадан ба кӯй аз баҳри шабкукӣ ва гадоӣ ва гирифтани асас ӯро ва муроди ӯ ҳосил шудан аз асас баъд аз хӯрдани захми бисёр «ва асо ан такраҳу шайъан ва ҳува хайрун лакум ва қавлуҳу таъоло: саяҷъалуллоҳу баъда усрин юсран ва қавлуҳу таъоло: инна маъа-л-усри юсран ва қавлуҳу алайҳиссалом: иштадди азмату танфариҷи ва ҷамеъу-л-Қуръон ва-л-кутуби-л-мунзалати фӣ тақрири ҳозо»

Ногаҳоне худ асас ӯро гирифт,
Мушту чӯбаш зад зи сафро ношигифт.
Иттифоқо андар он шабҳои тор
Дида буд мардум зи шабдуздон зирор.
Буд шабҳои махуфу мунтаҳас,
Пас ба ҷид меҷуст дуздонро асас.
То халифа гуфт, ки бубред даст,
Ҳар кӣ шаб гардад в-агар хеши ман аст.
Бар асас карда малик таҳдиду бим,
Ки чаро бошед бар дуздон раҳим?
Ишвашонро аз чӣ рӯ бовар кунед?
Ё чаро з-эшон қабули зар кунед?
Раҳм бар дуздону ҳар манҳусдаст
Бар заъифон зарбату бераҳмӣ аст.
Ҳин, зи ранҷи хос, маскул з-интиқом,
Ранҷи ӯ кам бин, бибин ту ранҷи ом.
Исбаъи малдуғ бур дар дафъи шар,
Дар тааддиву ҳалоки тан нигар.
Иттифоқо андар он айём, дузд
Гашта буд анбӯҳ, пухта-в хомдузд.
Дар чунин вақташ бидиду сахт зад
Чӯбҳову захмҳои беадад.
Наъраву фарёд з-он дарвеш хост,
Ки мазан, то ман бигӯям ҳол рост.
Гуфт: «Инак, додамат мӯҳлат, бигӯ,
То ба шаб чун омадӣ берун ба кӯ?
Ту найӣ з-ин ҷо, ғарибу мункарӣ,
Ростӣ гӯ, то ба чӣ макр-андарӣ?
Аҳли девон бар асас таъна заданд,
Ки чаро дуздон кунун анбӯҳ шуданд?
Анбуҳӣ аз тусту аз амсоли туст,
Вонамо ёрони зиштатро нахуст.
В-арна кини ҷумларо аз ту кашам,
То шавад эмин зари ҳар мӯҳташам».
Гуфт ӯ аз баъди савгандони пур,
Ки наям ман хонасӯзу кисабур.
Ман на марди дуздиву бедодиям,
Ман ғариби Мисраму бағдодиям.

Страница 121/140
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Пятая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj