|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шестая тетрадь |
|
|
Даромадани Мустафо алайҳиссалом аз баҳри иёдати Ҳилол дар сутургоҳи он амир ва навохтани Мустафо Ҳилолро разияллоҳу анҳу Рафт пайғамбар ба рағбат баҳри ӯ Андар охур в-омад андар ҷустуҷӯ. Буд охур музламу зишту палид В-ин ҳама бархост, чун улфат расид. Бӯйи пайғамбар бибурд он шери нар, Ҳамчунон ки бӯйи Юсуфро падар. Мӯҷиби имон набошад мӯъҷизот, Бӯйи ҷинсийят кунад ҷазби сифот. Мӯъҷизот аз баҳри қаҳри душман аст, Бӯйи ҷинсийят пайи дил бурдан аст. Қаҳр гардад душман, аммо дӯст не, Дӯст кай гардад бибаста гардане? Андаромад ӯ зи хоб аз бӯйи ӯ, Гуфт: «Саргин дон дарун з-ин гуна бӯ!» Аз миёни пойи устурон бидид Домани поки расули бенадид. Пас зи кунҷи охур омад ғаж-ғажон, Рӯй бар пояш ниҳод он паҳлавон. Пас паямбар рӯй бар рӯяш ниҳод, Бар сару бар чашму рӯяш бӯса дод. Гуфт: «Ё раббо, чӣ пинҳон гавҳарӣ, Эй ғариби арш, чунӣ? Хуштарӣ?» Гуфт: «Чун бошад худ он шӯридахоб, Ки дарояд дар даҳонаш офтоб? Чун бувад он ташнае, к-ӯ гил чарад? Об бар сар бинҳадаш, хуш мебарад».
Страница 36/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|