|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шестая тетрадь |
|
|
Ташбеҳи муғаффиле, ки умр зоеъ кунад ва вақти марг дар он танготанг тавба ва истиғфор кардан гирад, ба таъзият доштани шиъаи аҳли Ҳалаб ҳар соле дар айёми Ошуро ба дарвозаи Антокия ва расидани ғариб шоир аз сафар ва пурсидан, ки ин ғирев чӣ таъзия аст? Рӯзи Ошуро ҳама аҳли Ҳалаб Боби Антокия-андар то ба шаб, Гирд ояд марду зан ҷамъе азим, Мотами он хонадон дорад муқим. Нолаву навҳа кунанд андар буко, Шиъа, Ошуро барои Карбало. Бишмуранд он зулмҳову имтиҳон, К-аз Язиду Шимр дид он хонадон. Наъраҳошон меравад дар вайлу вашт, Пур ҳамегардад ҳама саҳрову дашт. Як ғарибе шоире аз раҳ расид Рӯзи Ошурову он афғон шунид. Шаҳрро бигзошт в-он сӯ рой кард, Қасди ҷустуҷӯйи он ҳайҳой кард. Пурс-пурсон мешуд андар ифтиқод: «Чист ин ғам? Бар кӣ ин мотам фитод? Ин райиси зафт бошад, ки бимурд? Инчунин маҷмаъ набошад кори хурд. Номи ӯ в-алқоби ӯ шарҳам диҳед, Ки ғарибам ман, шумо аҳли деҳед. Чист ному пешаву авсофи ӯ? То бигӯям марсия з-алтофи ӯ. Марсия созам, ки марди шоирам, То аз ин ҷо баргу лоланге барам». Он яке гуфташ, ки ҳай, девонаӣ, Ту найӣ шиъа, адувви хонаӣ. Рӯзи Ошуро намедонӣ, ки ҳаст Мотами ҷоне, ки аз қарне беҳ аст? Пеши мӯъмин кай бувад ин ғусса хор? Қадри ишқи гӯш ишқи гӯшвор? Пеши мӯъмин мотами он покрӯҳ Шӯҳратар бошад зи сад тӯфони Нӯҳ.
Страница 23/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|