|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шестая тетрадь |
|
|
Имтиҳон кардани Мустафо алайҳиссалом Ойишаро разияллоҳу анҳо, ки чӣ пинҳон мешавӣ? Пинҳон машав, ки аъмо туро намебинад, то падид ояд, ки Ойиша разияллоҳу анҳо аз замири Мустафо алайҳиссалом воқиф ҳаст ё худ муқаллиди гуфти зоҳир аст? Гуфт пайғамбар барои имтиҳон: «ӯ намебинад туро, кам шав ниҳон». Кард ишорат Ойиша бо дастҳо: «ӯ набинад, ман ҳамебинам варо». Ғайрати ақл аст бар хубии рӯҳ, Пур зи ташбеҳоту тамсил ин нусӯҳ. Бо чунин пинҳоние, к-ин рӯҳрост, Ақл бар вай инчунин рашкин чарост? Аз кӣ пинҳон мекунӣ? Эй рашкхӯ! Он ки пӯшидаст нураш рӯйи ӯ. Меравад бе рӯйпӯш ин офтоб, Фарти нури ӯст рӯяшро ниқоб. Аз кӣ пинҳон мекунӣ? Эй ракшвар! К-офтоб аз вай намебинад асар. Рашк аз он афзунтар аст андар танам, К-аз худаш хоҳам, ки ҳам пинҳон кунам. З-оташи рашки гароноҳанг ман, Бо ду чашму гӯши худ дар ҷанг ман. Чун чунин рашкестат, эй ҷону дил! Пас даҳон барбанду гуфтанро биҳил. Тарсам ар хомуш кунам, он офтоб Аз сӯйи дигар бидарронад ҳиҷоб. Дар хамӯшӣ, гуфти мо азҳар шавад, Ки зи манъ он майл афзунтар шавад. Гар биғуррад баҳр ғурра-ш каф шавад, Ҷӯши «аҳбабту биан уъраф» шавад. Ҳарф гуфтан бастани он равзан аст, Айни изҳори сухан пӯшидан аст. Булбулона наъра зан дар рӯйи гул, То кунӣ машғулашон аз бӯйи гул. То ба «қул» машғул гардад гӯшашон, Сӯйи рӯйи гул напаррад ҳушашон. Пеши ин хуршед, к-ӯ бас равшанест, Дар ҳақиқат ҳар далеле раҳзанест.
Страница 20/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|