Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Шестая тетрадь

 
rumi

Даромадани зарир дар хонаи Мустафо алайҳиссалом ва гурехтани Ойиша разияллоҳу анҳо аз пеши зарир ва гуфтани расул алайҳиссалом, ки чӣ мегурезӣ? ӯ туро намебинад ва ҷавоб додани Ойиша разияллоҳу анҳо расулро саллаллоҳу алайҳу ва саллам

Андар омад пеши пайғамбар зарир,
К-эй навобахши танӯри ҳар хамир.
Эй ту мири обу ман мустасқиам,
Мустағос, ал-мустағос, эй соқиам!
Чун даромад он зарир аз дар шитоб,
Ойиша бигрехт баҳри эҳтиҷоб.
З-он ки воқиф буд он хотуни пок
Аз ғаюрии расули рашкнок.
Ҳар кӣ зеботар бувад, рашкаш фузун,
З-он ки рашк аз ноз хезад, ё банун!
Гандапирон шӯйро қуммо диҳанд,
Чунки аз зиштиву пирӣ огаҳанд.
Чун ҷамоли аҳмадӣ дар ҳар ду кавн
Кай будаст? Эй фарри яздониш авн.
Нозҳои ҳар ду кавн ӯро расад,
Ғайрат он хуршеди садтӯро расад.
Ки дарафгандам ба кайвон гӯйро,
Даркашед, эй ахтарон, ҳай, рӯйро.
Дар шуъоъи беназирам «ло» шавед
В-арна пеши нури ман расво шавед.
Аз карам ман ҳар шабе ғойиб шавам,
Кай равам? Илло намоям, ки равам.
То шумо бе ман шабе хуффошвор
Парзанон парред гирди ин матор.
Ҳамчу товусон паре арза кунед,
Боз масту саркашу мӯъҷиб шавед.
Нангаред он пойи худро зиштсоз,
Ҳамчу чоруқ, к-ӯ бувад шамъи Аёз.
Рӯ намоям субҳ баҳри гӯшмол,
То нагардед аз манӣ з-аҳли шимол.
Тарки он кун, ки дароз аст он сухун,
Наҳй кардаст аз дарозӣ амри «кун».

Страница 19/140
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Пятая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj