|
Ҳикояти он шахс, ки дуздон қучи ӯро бидуздиданд ва бар он қаноат накарданд, ба ҳила ҷомаҳошро ҳам дуздиданд Он яке қуч дошт, аз пас мекашид, Дузд қучро бурд, ҳаблашро бурид. Чунки огаҳ шуд, давон шуд чаппу рост, То биёбад, к-он қучи бурда куҷост? Бар сари чоҳе бидид он дуздро, Ки фиғон мекард, к-эй вовайлато! Гуфт: «Нолон аз чиӣ? Эй устод!» Гуфт: «Ҳамёни зарам дар чаҳ фитод. Гар тавонӣ дарравӣ, берун кашӣ, Хумс бидҳам мар туро бо дилх(в)ашӣ. Хумси сад динор бистонӣ ба даст», Гуфт ӯ: «Худ ин баҳои даҳ қуч аст. Гар даре барбаста шуд, даҳ дар гушод, Гар қуче шуд, Ҳақ иваз уштур бидод». Ҷомаҳо барканду андар чоҳ рафт, Ҷомаҳоро бурд ҳам он дузд тафт. Ҳозиме бояд, ки раҳ то деҳ барад, Ҳазм набвад, тамъи тоун оварад. ӯ яке дузд аст фитнасирате, Чун хаёл ӯро ба ҳар дам сурате. Кас надонад макри ӯ илло Худо, Дар Худо бигрезу вораҳ з-он дағо.
Страница 13/140 |