|
|
|
|
Ҳикоят дар баёни он ки касе тавба кунад ва пушаймон шавад ва боз он пушаймониҳоро фаромӯш кунад ва озмударо боз озмояд, дар хисорати абад афтад, чун тавбаи ӯро суботеву қуввате ва ҳаловатеву қабуле мадад нарасад, чун дарахти бебех ҳар рӯз зардтар ва хушктар «наъузубиллоҳ»Гозуре буду мар ӯро як харе, Пуштреш, ишкамтиҳиву лоғаре. Дар миёни санглохи бегиёҳ, Рӯз то шаб бенавову бепаноҳ. Баҳри хӯрдан ҷуз ки об он ҷо набуд, Рӯзу шаб буд хар дар он кӯру кабуд. Он ҳаволий найситону беша буд, Шер буд он ҷо, ки сайдаш пеша буд. Шерро бо пили нар ҷанг уфтод, Хаста шуд он шеру монд аз истиёд. Муддате вомонд з-он заъф аз шикор, Бенаво монданд дад аз чоштхор. З-он ки боқихори шер эшон буданд, Шер чун ранҷур шуд, танг омаданд. Шер як рӯбоҳро фармуд: «Рав, Мар хареро баҳри ман сайёд шав. Гар харе ёбӣ ба гирди марғзор, Рав фусунаш хон, фиребонаш, биёр. Чун биёбам қуввате аз гӯшти хар, Пас бигирам баъд аз он сайде дигар. Андаке ман мехурам, боқӣ шумо, Ман сабаб бошам шуморо дар наво. Ё харе, ё гов, баҳри ман биҷӯй, З-он фусунҳое, ки медонӣ, бигӯй. Аз фусуну аз суханҳои х(в)ашаш Аз сараш берун куну ин ҷо кашаш».
93/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|