|
Ҳикоят дар баёни тавбаи Насӯҳ, ки чунон ки шир аз пистон берун ояд, боз дар пистон наравад, он ки тавбаи насӯҳе кард, ҳаргиз аз он гуноҳ ёд накунад ба тариқи рағбат, балки ҳар дам нафраташ афзун бошад ва он нафрат далели он бувад, ки лаззати қабул ёфт, он шаҳвати аввал белаззат шуд, ин ба ҷойи он нишастНабуррад ишқро ҷуз ишқи дигар, Чаро ёре наҷӯйӣ з-ӯ накӯтар. В-он ки дилаш боз бад-он гуноҳ рағбат мекунад, аломати он аст, ки лаззати қабул наёфтааст ва лаззати қабул ба ҷойи он лаззати гуноҳ нанишастааст, «сануяссируҳу лилус-ро» нашудааст, лаззати «ва нуяссируҳу лилус»-ро боқист бар вай
Буд марде пеш аз ин, номаш Насӯҳ, Буд зи даллокии зан ӯро футӯҳ. Буд рӯйи ӯ чу рухсори занон, Мардии худро ҳамекард ӯ ниҳон. ӯ ба ҳаммоми занон даллок буд, Дар дағову ҳила бас чолок буд. Солҳо мекард даллокиву кас Бӯ набурд аз ҳолу сирри он ҳавас. З-он ки овозу рухаш занвор буд, Лек шаҳват комилу бедор буд. Чодару сарбанд пӯшида-в ниқоб Марди шаҳвониву дар ғуррай шубоб. Духтарони хусравонро з-он тариқ Хуш ҳамемолиду мешуст он ашиқ. Тавбаҳо мекарду по дармекашид, Нафси кофир тавбаашро медарид. Рафт пеши орифе он зишткор, Гуфт: «Моро дар дуъое ёд дор». Сирри ӯ донист он озодмард, Лек чун ҳилми Худо, пайдо накард. Бар лабаш қуфл асту дар дил розҳо, Лаб хамӯшу дил пур аз овозҳо. Орифон, ки ҷоми Ҳақ нӯшидаанд, Розҳо дониставу пӯшидаанд. Ҳар киро асрори кор омӯхтанд, Мӯҳр карданду даҳоншон дӯхтанд. Суст хандиду бигуфт, эй бадниҳод, З-он ки донӣ, Эзидат тавба диҳод!
Саҳифаи 88/177 |