Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Ҳикоят дар баёни тавбаи Насӯҳ, ки чунон ки шир аз пистон берун ояд, боз дар пистон наравад, он ки тавбаи насӯҳе кард, ҳаргиз аз он гуноҳ ёд накунад ба тариқи рағбат, балки ҳар дам нафраташ афзун бошад ва он нафрат далели он бувад, ки лаззати қабул ёфт, он шаҳвати аввал белаззат шуд, ин ба ҷойи он нишаст

Набуррад ишқро ҷуз ишқи дигар,
Чаро ёре наҷӯйӣ з-ӯ накӯтар.
В-он ки дилаш боз бад-он гуноҳ рағбат мекунад, аломати он аст, ки лаззати қабул наёфтааст ва лаззати қабул ба ҷойи он лаззати гуноҳ нанишастааст, «сануяссируҳу лилус-ро» нашудааст, лаззати «ва нуяссируҳу лилус»-ро боқист бар вай


Буд марде пеш аз ин, номаш Насӯҳ,
Буд зи даллокии зан ӯро футӯҳ.
Буд рӯйи ӯ чу рухсори занон,
Мардии худро ҳамекард ӯ ниҳон.
ӯ ба ҳаммоми занон даллок буд,
Дар дағову ҳила бас чолок буд.
Солҳо мекард даллокиву кас
Бӯ набурд аз ҳолу сирри он ҳавас.
З-он ки овозу рухаш занвор буд,
Лек шаҳват комилу бедор буд.
Чодару сарбанд пӯшида-в ниқоб
Марди шаҳвониву дар ғуррай шубоб.
Духтарони хусравонро з-он тариқ
Хуш ҳамемолиду мешуст он ашиқ.
Тавбаҳо мекарду по дармекашид,
Нафси кофир тавбаашро медарид.
Рафт пеши орифе он зишткор,
Гуфт: «Моро дар дуъое ёд дор».
Сирри ӯ донист он озодмард,
Лек чун ҳилми Худо, пайдо накард.
Бар лабаш қуфл асту дар дил розҳо,
Лаб хамӯшу дил пур аз овозҳо.
Орифон, ки ҷоми Ҳақ нӯшидаанд,
Розҳо дониставу пӯшидаанд.
Ҳар киро асрори кор омӯхтанд,
Мӯҳр карданду даҳоншон дӯхтанд.
Суст хандиду бигуфт, эй бадниҳод,
З-он ки донӣ, Эзидат тавба диҳод!

88/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj