Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Омадани он амири наммом бо сарҳангон нимшаб ба гушодани он ҳуҷраи Аёз ва пӯстину чоруқ дидан овехта ва гумон бурдан, ки он макр асту рӯпӯш ва хонаро ҳуфра кардан ба ҳар гӯшае, ки гумон омад ва чоҳканон овардан ва деворҳоро сӯрох кардан ва чизе наёфтан ва хиҷилу навмед шудан, чунон ки бадгумонон ва хаёландешон дар кори анбиё ва авлиё, ки мегуфтанд, ки соҳиранд ва хештан сохтаанд ва тасаддур меҷӯянд баъд аз тафаҳҳус хиҷил шаванд ва суд надорад

Он аминон бар дари ҳуҷра шуданд,
Толиби ганҷу зару хумра буданд.
Қуфлро бармегушоданд аз ҳавас
Бо дусад фарҳангу дониш чанд кас.
З-он ки қуфли саъбу пурпечида буд,
Аз миёни қуфлҳо бигзида буд.
На зи бухли симу молу зарри хом,
Аз барои катми он сирр аз авом
Ки гурӯҳе бар хаёли бад тананд,
Қавми дигар ном солусам кунанд.
Пеши боҳиммат бувад асрори ҷон
Аз хасон маҳфузтар аз лаъли кон.
Зар беҳ аз ҷон аст пеши аблаҳон,
Зар нисори ҷон бувад назди шаҳон.
Мешитобиданд тафт аз ҳирси зар,
Ақлашон мегуфт: «На, оҳистатар».
Ҳирс тозад беҳуда сӯйи сароб,
Ақл гӯяд: «Нек бин, к-он нест об».
Ҳирс ғолиб буд, зар чун ҷон шуда,
Наъраи ақл он замон пинҳон шуда.
Гашта садтӯ ҳирсу ғавғоҳои ӯ,
Гашта пинҳон ҳикмату имои ӯ.
То ки дар чоҳи ғурур-андар фитад,
Он гаҳ аз ҳикмат маломат бишнавад.
Чун зи банди дом боди ӯ шикаст,
Нафси лаввома бар ӯ ёбид даст.
То ба девори бало н-ояд сараш,
Нашнавад панди дил он гӯши караш.
Кӯдаконро ҳирси гавзина-в шакар
Аз насиҳатҳо кунад ду гӯш кар.
Чунки дарди дунбулаш оғоз шуд,
Дар насиҳат ҳар ду гӯшаш боз шуд.
Ҳуҷраро бо ҳирсу сад гуна ҳавас
Боз карданд он замон он чанд кас.
Андар афтоданд аз дар з-издиҳом,
Ҳамчу андар дӯғи гандида ҳавом.
Ошиқона дарфитад бо карру фар,
Хурд имкон неву баста ҳар ду пар.
Бингариданд аз ясору аз ямин,
Чоруқе бидрида буду пӯстин.
Бозгуфтанд: «Ин макон бенӯш нест,
Чоруқ ин ҷо ҷуз пайи рӯпӯш нест.
Ҳин, биёвар сихҳои тезро,
Имтиҳон кун ҳуфраву корезро».
Ҳар тараф канданду ҷустанд он фариқ,
Ҳуфраҳо карданду гавҳои амиқ.
Ҳуфраҳошон бонг медод он замон:
«Кандаҳои холиям, эй гандагон».
З-он сиголиш шарм ҳам медоштанд,
Кандаҳоро боз меанбоштанд.
Беадад «ло ҳавл» дар ҳар синае,
Монда мурғи ҳирсашон бечинае.
З-он залолатҳои ёватозашон,
Ҳуфраи девору дар ғаммозашон.
Мумкини андои он девор не,
Бо Аёз имкони ҳеч инкор не.
Гар хидоъи бегуноҳӣ медиҳанд,
Ҳоиту арса гувоҳӣ медиҳанд.
Боз мегаштанд сӯйи шаҳрёр,
Пур зи гарду рӯйзарду шармсор.

Саҳифаи 81/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵