Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Рафтани ин шайх дар хонаи амире баҳри гидя, дар як рӯз чаҳор бор бо занбил ба ишорати ғайб ва итоб кардани амир ӯро бад-он вақоҳат ва узр гуфтани ӯ амирро

Шайх рӯзе чор каррат чун фақир
Баҳри кудя рафт дар қасри амир.
Дар кафаш занбилу шайлиллаҳзанон,
Холиқи ҷон мебиҷӯяд тои нон.
Наълҳои божгуна-ст, эй писар,
Ақли куллиро кунад ҳам хирасар.
Чун амираш дид, гуфташ: «Эй вақеҳ,
Гӯямат чизе, манеҳ номам шаҳеҳ.
Ин чӣ сағриву чӣ рӯй асту чӣ кор?
Ки ба рӯзе андароӣ чор бор.
Кист ин ҷо шайх! Андар банди ту?
Ман надидам наргадо монанди ту.
Ҳурмату оби гудоён бурдаӣ,
Ин чӣ аббосии зишт овардаӣ?
Ғошия бар дӯши ту Аббоси Дабс,
Ҳеч мулҳидро мабод ин нафси наҳс».
Гуфт: «Амиро, бандафармонам, хамӯш,
З-оташам огаҳ найӣ, чандин маҷӯш.
Баҳри нон дар хеш ҳирсе дидаме,
Ишками нонхоҳро бидридаме.
Ҳафт сол аз сӯзи ишқи ҷисмпаз
Дар биёбон хӯрдаам ман барги раз.
То зи барги хушку тоза хӯрданам
Сабз гашта буд ин ранги танам.
То ту бошӣ дар ҳиҷоби Булбашар,
Сарсарӣ дар ошиқон камтар нигар.
Зиракон, ки мӯйҳо бишкофтанд,
Илми ҳайатро ба ҷон дарёфтанд.
Илми норанҷоту сеҳру фалсафа,
Гарчи нашносанд «ҳаққа-л-маърифа»,
Лек кӯшиданд то имкони худ,
Баргузаштанд аз ҳама ақрони худ.
Ишқ ғайрат карду з-эшон даркашид,
Шуд чунин хуршед з-эшон нопадид.
Нури чашме, к-ӯ ба рӯз истора дид
Офтобе, чун аз ӯ рӯ даркашид?
З-ин гузар кун, панди ман багзир, ҳин,
Ошиқонро ту ба чашми ишқ бин.
Вақт нозук бошаду ҷон дар расад,
Бо ту натвон гуфт он дам узри х(в)ад.
Фаҳм кун, мавқуфи он гуфтан мабош,
Синаҳои ошиқонро кам харош.
На гумоне бурдаӣ ту з-ин нишот?
Ҳазмро магзор, мекун эҳтиёт.
Воҷиб асту ҷоиз асту мустаҳил,
Ин васатро гир дар ҳазм, эй дахил!»

Саҳифаи 116/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵