|
|
|
|
Ҳикояти шайх Муҳаммад Сарразии Ғазнавӣ қаддасаллоҳу сирраҳуЗоҳиде дар Ғазнӣ, аз дониш мазӣ, Буд Муҳаммад ному кунят Сарразӣ. Буд ифтораш сари раз ҳар шабе, Ҳафт сол ӯ доим андар матлабе. Бас аҷоиб дид аз шоҳи вуҷуд, Лек мақсудаш ҷамоли шоҳ буд. Бар сари кӯҳ рафт он аз хеш сер, Гуфт: «Бинмо, ё фитодам ман ба зер». Гуфт: «Н-омад мӯҳлати он макрумат В-ар фурӯ афтӣ, намирӣ, накшамат». ӯ фурӯ афганд худро аз вадод, Дар миёни умқи обе уфтод. Чун намурд аз нукс он ҷонсер мард, Аз фироқи марг бар худ навҳа кард. К-ин ҳаёт ӯро чу марге менамуд, Кор пешаш божгуна гашта буд. Мавтро аз ғайб мекард ӯ кадӣ, «Инна фӣ мавтӣ ҳаётӣ» мезадӣ. Мавтро чун зиндагӣ қобил шуда, Бо ҳалоки ҷони худ якдил шуда. Сайфу ханҷар чун Алӣ райҳони ӯ, Наргису насрин адувви ҷони ӯ. Бонг омад: «Рав зи саҳро сӯйи шаҳр», Бонги турфа аз варои сирру ҷаҳр. Гуфт: «Эй донои розам мӯ ба мӯ, Чӣ кунам дар шаҳр аз хидмат? Бигӯ». Гуфт: «Хидмат он ки баҳри зулли нафс Хешро созӣ ту чун Аббоси Дабс. Муддате аз ағниё зар меситон, Пас ба дарвешони мискин мерасон. Хидматат ин аст, то якчанд гоҳ», Гуфт: «Самъан тоатан, эй ҷонпаноҳ!» Бас суолу бас ҷавобу моҷаро Буд миёни зоҳиду раббулваъо. Ки замину осмон пурнур шуд, Дар мақолот он ҳама мазкур шуд. Лек кӯтаҳ кардам он гуфторро, То нанӯшад ҳар хасе асрорро.
113/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|