Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Ты украшаешь мир, ты - солнце и луна,
А в солнце лишь краса твоя отражена!
Виденье дивных уст в душе не утаить -
Оно и в блестках брызг искристого вина.
Надира
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Дуввум бор омадани рӯбаҳ бари он хари гурехта, то боз бифиребадаш

Пас биёмад зуд рӯбаҳ сӯйи хар,
Гуфт хар: «Аз чун ту ёре алҳазар».
Ноҷавонмардо, чӣ кардам ман туро,
Ки ба пеши аждаҳо бурдӣ маро?
Мӯҷиби кини ту бо ҷонам чӣ буд?
Ғайри хубси ҷавҳари ту, эй ануд!»
Ҳамчу каждум, к-ӯ газад пойи фатӣ,
Норасида аз вай ӯро заҳмате.
Ё чу деве, ки адӯи ҷони мост,
Норасида заҳматаш аз мову кост.
Балки табъан хасми ҷони одамист,
Аз ҳалоки одамӣ дар хуррамист.
Аз пайи ҳар одамӣ ӯ наскулад,
Хӯву табъи зишти худ ӯ кай ҳилад?
З-он ки хубси зоти ӯ бемӯҷибе
Ҳаст сӯйи зулму адвон ҷозибе.
Ҳар замон хонад туро то хиргаҳе,
Ки дарандозад туро андар чаҳе.
Ки фалон ҷо ҳавзи об асту уюн,
То дарандозад ба ҳавзат сарнигун.
Одамиро бо ҳама ваҳйу назар
Андарафганд он лаъин дар шӯру шар.
Бе гуноҳе, бе газанди собиқе,
Ки расад ӯро зи Одам ноҳақӣ.
Гуфт рӯбаҳ: «Он тилисми сеҳр буд,
Ки туро дар чашм он шере намуд.
В-арна ман аз ту ба тан мискинтарам,
Ки шабу рӯз андар он ҷо мечарам.
Гарна з-он гуна тилисме сохтӣ,
Ҳар шикамхоре бад-он ҷо тохтӣ.
Як ҷаҳони бенаво пурпилу арҷ,
Бе тилисме кай бимондӣ сабз марҷ?
Ман туро худ хостам гуфтан ба дарс,
Ки чунон ҳавле агар бинӣ, матарс.
Лек рафт аз ёд илмомӯзият,
Ки будам мустағриқи дилсӯзият.
Дидамат дар ҷӯъи калбу бенаво,
Мешитобидам, ки ойӣ то даво.
В-арна бо ту гуфтаме шарҳи тилисм,
К-он хаёле менамояд, нест ҷисм».

Страница 110/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj