Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Она косы смоляные расплела, пугая ночь,
Лик снял ее при этом и бежала в страхе ночь.
Ибн Сино
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Дар баёни он ки нақзи аҳд ва тавба мӯҷиби бало бувад, балки мӯҷиби масх аст, чунонки дар ҳаққи асҳоби Сабт ва дар ҳаққи асҳоби моидаи Исо: «ва ҷаъала минҳуму-л-қирадата ва-л-ханозир» ва андар ин уммат масхи дил бошад ва ба қиёмат танро сурати дил диҳанд, «наъузубиллоҳ»

Нақзи мисоқу шикасти тавбаҳо
Мӯҷиби лаънат шавад дар интиҳо.
Нақзи тавба-в аҳди он асҳоби Сабт
Мӯҷиби масх омаду иҳлоку мақт.
Пас Худо он қавмро бӯзина кард,
Чунки аҳди Ҳақ шикастанд аз набард.
Андар ин уммат набуд масхи бадан,
Лек масхи дил бувад, эй булфитан!
Чун дили бӯзина гардад он дилаш,
Аз дили бӯзина шуд хор он гилаш.
Гар ҳунар будӣ дилашро з-ихтиёр,
Хор кай будӣ зи сурат он ҳимор?
Он саги асҳоб хуш буд сираташ,
Ҳеч будаш манқасат з-он сураташ?
Масхи зоҳир буд аҳли Сабтро,
То бибинад хулқи зоҳир кабтро.
Аз раҳи сир садҳазорони дигар
Гашта аз тавба шикастан хуку хар.

Страница 109/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj