|
|
|
|
Фарқ миёни даъвати шайхи комили восил ва миёни сухани ноқисони фозили фазли таҳсилии барбастаШайхи нуронӣ зи раҳ огаҳ кунад, Бо сухан ҳам нурро ҳамраҳ кунад. Ҷаҳд кун, то масту нуронӣ шавӣ, То ҳадисатро шавад нураш равӣ. Ҳар чӣ дар дӯшоб ҷӯшида шавад, Дар ақида таъми дӯшобаш бувад. Аз ҷазар в-аз себу биҳ в-аз гирдакон, Лаззати дӯшоб ёбӣ ту аз он. Илм андар нур чун фарғарда шуд, Пас зи илмат нур ёбад қавми луд. Ҳар чӣ гӯйӣ, бошад он ҳам нурнок, К-осмон ҳаргиз наборад ғайри пок. Осмон шав, абр шав, борон бибор, Новадон бориш кунад, набвад ба кор. Об андар новадон ориятист, Об андар абру дарё фитратист. Фикру андешаст мисли новадон, Вайҳу макшуф аст абру осмон. Оби борон боғи садранг оварад, Новадон ҳамсоя дар ҷанг оварад. Хар ду-се ҳамла ба рӯбаҳ баҳс кард, Чун муқаллид буд, фиреби ӯ бих(в)ард. Тантанай идроки биноӣ надошт, Дамдамай рӯбаҳ бар ӯ сакта гумошт. Ҳирси хӯрдан ончунон кардаш залил, Ки забунаш гашт бо понсад далел.
104/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|