Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Она косы смоляные расплела, пугая ночь,
Лик снял ее при этом и бежала в страхе ночь.
Ибн Сино
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Маъшуқе аз ошиқ пурсид, ки худро дӯсттар дорӣ ё маро? Гуфт: «Ман аз худ мурдаам ва ба ту зиндаам, аз худ ва аз сифоти худ нест шудаам ва ба ту ҳаст шудаам, илми худро фаромӯш кардаам ва аз илми ту олим шудаам, қудрати худро аз ёд додаам ва аз қудрати ту қодир шудаам. Агар худро дӯст дорам, туро дӯст дошта бошам ва агар туро дӯст дорам, худро дӯст дошта бошам.»

Ҳар киро ойинай яқин бошад,
Гарчи худбин, Худойбин бошад.
«Ухруҷ бисифоти ило халқи ман рока рани ва ман қасадака қасадани ва ало ҳозо»


Гуфт маъшуқе ба ошиқ з-имтиҳон
Дар сабӯҳе, к-эй фалон ибни фалон!
Мар маро ту дӯсттар дорӣ, аҷаб
Ё ки худро? Рост гӯ, ё залкураб!
Гуфт: «Ман дар ту чунон фонӣ шудам,
Ки пурам аз ту зи сорон то қадам.
Бар ман аз ҳастии ман ҷуз ном нест,
Дар вуҷудам ҷуз ту, эй хушком нест!
З-он сабаб фонӣ шудам ман инчунин
Ҳамчу сирка, дар ту баҳри ангубин».
Ҳамчу санге, к-ӯ шавад кул лаъли ноб,
Пур шавад ӯ аз сифоти офтоб.
Васфи он санге намонад андар ӯ,
Пур шавад аз васфи хур ӯ пушту рӯ.
Баъд аз он, гар дӯст дорад хешро,
Дӯстии худ бувад он, эй фато.
В-арки худро дӯст дорад ӯ ба ҷон,
Дӯстии хеш бошад бегумон.
Хоҳ худро дӯст дорад лаъли ноб,
Хоҳ то ӯ дӯст дорад офтоб.
Андар ин ду дӯстӣ худ фарқ нест,
Бар ду ҷониб ҷуз зиёи Шарқ нест.
То нашуд ӯ лаъл, худро душман аст,
З-он ки як «ман» нест ин ҷо ду «ман» аст.
З-он ки зулмонист сангу рӯз кӯр,
Ҳаст зулмонӣ, ҳақиқат, зидди нур.
Хештанро дӯст дорад, кофир аст,
З-он ки ӯ манноъи шамси акбар аст.
Пас нашояд, ки бигӯяд санг «ано»,
ӯ ҳама торикӣ асту дар фано.
Гуфт Фиръавне «аналҳақ», гашт паст,
Гуфт Мансуре «аналҳаққ»-у бираст.
Он «ано»-ро лаънатуллаҳ дар ақиб
В-ин «ано»-ро раҳматуллаҳ, эй муҳиб!
З-он ки ӯ санги сияҳ буд, ин ақиқ,
Он адӯи нур буду ин ашиқ.
Ин «ано» «ҳу» буд дар сирр, эй фузул!
З-иттиҳоди нур, н-аз ройи ҳулул.
Ҷаҳд кун, то сангият камтар шавад,
То ба лаълӣ санги ту анвар шавад.
Сабр кун андар ҷиҳоду дар ано,
Дам ба дам мебин бақо андар фано.
Васфи сангӣ ҳар замон кам мешавад,
Васфи лаълӣ дар ту муҳкам мешавад.
Васфи ҳастӣ меравад аз пайкарат,
Васфи мастӣ мефизояд дар сарат.
Самъ шав якборагӣ ту гӯшвор,
То зи ҳалқай лаъл ёбӣ гӯшвор.
Ҳамчу чаҳкан хок мекан, гар касӣ,
З-ин тани хокӣ, ки дар обе расӣ.
Гар расад ҷазбай Худо, оби маъин
Чоҳ ноканда, биҷӯшад аз замин.
Кор мекун ту, ба гӯши он мабош,
Андак-андак хоки чаҳро метарош.
Ҳар кӣ ранҷе дид, ганҷе шуд падид,
Ҳар кӣ ҷидде кард, дар ҷадде расид.
Гуфт пайғамбар: «Рукӯъ асту суҷуд
Ҳар дари Ҳақ кӯфтан ҳалқай вуҷуд».
Ҳалқаи он дар ҳар он, к-ӯ мезанад,
Баҳри ӯ давлат саре берун кунад.

Страница 80/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj