Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Прелесть смоляных, вьющихся кудрей
От багряных роз кажется нежней.
В каждом узелке - тысяча сердец,
В каждом завитке - тысяча скорбей.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Қиссаи қавми Юнус алайҳиссалом баён ва бурҳони он аст, ки тазаррӯъ ва зорӣ дофеъи балои осмонист ва Ҳақ таъоло фоъили мухтор аст, пас, тазаррӯъ ва таъзим пеши ӯ муфид бошад ва фалосифа гӯянд фоъил ба табъ аст ва ба иллат, на мухтор, пас тазаррӯъ табъро нагардонад

Қавми Юнусро чу пайдо шуд бало,
Абри пуроташ ҷудо шуд аз само.
Барқ меандохт, месӯзид санг,
Абр меғуррид, рух мерехт ранг.
Ҷумлагон бар бомҳо буданд шаб,
Ки падид омад зи боло он кураб.
Ҷумлагон аз бомҳо зер омаданд,
Сарбараҳна ҷониби саҳро шуданд.
Модарон бачгон бурун андохтанд,
То ҳама нола-в нафир афрохтанд.
Аз намози шом то вақти саҳар
Хок мекарданд бар сар он нафар.
Ҷумлагӣ овозҳо бигрифта шуд,
Раҳм омад бар сари он қавми луд.
Баъди навмедиву оҳи ношигифт
Андак-андак абр вогаштан гирифт.
Қиссаи Юнус дароз асту ариз,
Вақти хок асту ҳадиси мустафиз.
Чун тазаррӯъро бари Ҳақ қадрҳост
В-он баҳо, к-он ҷост зориро, куҷост?
Ҳин умед, акнун миёнро чуст банд,
Хез, эй гиряндаву доим биханд,
Ки баробар мениҳад шоҳи маҷид
Ашкро дар фазл бо хуни шаҳид.

Страница 66/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj