Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Когда сочтут деяния твоей души и плоти,
Ты в судный день застрянешь, как тот осел в болоте.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Соҳибдиле дид саге ҳомила, дар шиками он саг баччагон бонг мекарданд, дар тааҷҷуб монд, ки ҳикмати бонги саг посбонист, бонг дар андаруни шиками модар посбонӣ нест ва низ бонг ҷиҳати ёрӣ хостан ва шир хостан бошад ва ғайра ва ин ҷо ҳеч аз ин фоидаҳо нест. Чун ба хеш омад, бо ҳазрат муноҷот кард «ва мо яъламу таъвилаҳу иллаллоҳу» ҷавоб омад, ки он сурати ҳоли қавмест аз ҳиҷоб берун наёмада ва чашми дил боз ношуда, даъвои басират кунанд ва мақолот гӯянд аз он на эшонро қуввате ю ёрие расад ва на мустамеъонро ҳидояте ю рашаде

Он яке медид хоб-андар чила,
Дар раҳе модасаге буд ҳомила.
Ногаҳон овози сагбачгон шунид,
Сагбача андар шикам буд нопадид.
Пас аҷаб омад варо он бонгҳо:
«Сагбача андар шикам чун зад нидо?
Сагбача андар шикам нолакунон,
Ҳеч кас дидаст ин андар ҷаҳон?»
Чун биҷуст ӯ воқеъа, омад ба хеш,
Ҳайрати ӯ дам ба дам мегашт беш.
Дар чила кас не, ки гардад уқда ҳалл,
Ҷуз ки даргоҳи Худо азза ва ҷалл.
Гуфт: «Ё раб, з-ин шиколу гуфтугӯ
Дар чила вомондаам аз зикри ту.
Парри ман бигшой, то паррон шавам,
Дар ҳадиқай зикру себистон шавам».
Омадаш овози ҳотиф дарзамон,
К-он мисоле дон зи лофи ҷоҳилон.
К-аз ҳиҷобу парда берун н-омада,
Чашм баста, беҳуда гӯён шуда.
Бонги саг андар шикам бошад зиён,
На шикорангезу на шаб посбон.
Гург нодида, ки манъи ӯ бувад,
Дузд нодида, ки рафъи ӯ шавад.
Аз ҳарисӣ в-аз ҳавои сарварӣ
Дар назар кунду ба лофидан ҷарӣ.
Аз ҳавои муштариву гармдор,
Бебасират по ниҳода дар фишор.
Моҳ нодида нишонҳо медиҳад,
Рустоиро бад-он каж мениҳад.
Аз барои Муштарӣ дар васфи моҳ,
Сад нишон нодида гӯяд баҳри ҷоҳ.
Муштарӣ, к-ӯ суд дорад, худ якест,
Лек эшонро дар ӯ райбу шакест.
Аз ҳавои муштарии бешукӯҳ
Муштариро бод доданд ин гурӯҳ.
Муштарии мост Аллоҳ аштаро,
Аз ғами ҳар муштарӣ, ҳин, бартар о.
Муштарие ҷӯ, ки ҷӯёни ту аст,
Олами оғозу поёни ту аст.
Ҳин, макаш ҳар муштариро ту ба даст,
Ишқбозӣ бо ду маъшуқа бад аст.
З-ӯ наёбӣ суду моя, гар харад,
Набвадаш худ қимати ақлу хирад.
Нест ӯро худ баҳои ними наъл,
Ту бар ӯ арза кунӣ ёқуту лаъл?
Ҳирс кӯрат карду маҳрумат кунад,
Дев ҳамчун хеш марҷумат кунад.
Ҳамчунон, к-асҳоби Филу қавми Лут
Кардашон марҷум чун худ он сахут.
Муштариро собирон дарёфтанд,
Чун сӯйи ҳар муштарӣ наштофтанд.
Он ки гардонид рӯ з-он муштарӣ,
Бахту иқболу бақо шуд з-ӯ барӣ.
Монд ҳасрат бар ҳарисон то абад,
Ҳамчу ҳоли аҳли Зарвон дар ҳасад.

Страница 61/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj