Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Прелесть смоляных, вьющихся кудрей
От багряных роз кажется нежней.
В каждом узелке - тысяча сердец,
В каждом завитке - тысяча скорбей.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Муриде даромад ба хидмати шайх ва аз ин шайх пири синн намехоҳам, балки пири ақлу маърифат ва агарчи Исост алайҳиссалом дар гаҳвора ва Яҳё аст алайҳиссалом дар мактаби кӯдакон. Муриде шайхро гирён дид, ӯ низ мувофиқат кард ва гирист, чун фориғ шуд ва бадар омад, муриде дигар, ки аз ҳоли шайх воқифтар буд, аз сари ғайрат дар ақиби ӯ тез берун омад. Гуфт: «Эй бародар!» Ман туро гуфта бошам: Аллоҳ, Аллоҳ, ки то наяндешӣ ва нагӯйӣ, ки шайх мегирист ва ман низ мегиристам, ки сӣ сол риёзати бериё бояд кард ва аз ақабот ва дарёҳои пурнаҳанг ва кӯҳҳои баланди пуршеру паланг мебояд гузашт, то бад-он гиряи шайх расӣ ё нарасӣ, агар расӣ, шукри «зувият лия-л-арз» гӯйӣ бисёр

Як муриде андаромад пеши пир,
Пир андар гиря буду дар нафир.
Шайхро чун дид гирён он мурид,
Гашт гирён, об аз чашмаш давид.
Гӯшвар як бор хандад, кар ду бор,
Чунки лоғ имло кунад ёре ба ёр.
Бори аввал аз раҳи тақлиду савм,
Ки ҳамебинад, ки механданд қавм.
Кар бихандад ҳамчу эшон он замон,
Бехабар аз ҳолати хандандагон,
Боз вопурсад, ки ханда бар чӣ буд?
Пас дувум каррат бихандад, чун шунуд.
Пас муқаллид низ монанди кар аст,
Андар он шодӣ, ки ӯро дар сар аст.
Партави шайх омаду манҳал зи шайх,
Файзи шодӣ на-з муридон, бал зи шайх.
Чун сабад дар обу нуре бар зуҷоҷ,
Гар зи худ донанд, он бошад хидоҷ.
Чун ҷудо гардад зи ҷӯ, донад ануд,
К-андар ӯ он оби хуш аз ҷӯй буд.
Обгина ҳам бидонад аз ғуруб,
К-он ламаъ буд аз маҳи тобони хуб.
Чунки чашмашро гушояд амри «қум»,
Пас бихандад чун саҳар бори дувум.
Хандаш ояд ҳам бар он хандай худаш,
Ки дар он тақлид бармеомадаш.
Гӯяд аз чандин раҳи дуру дароз,
К-ин ҳақиқат буду ин асрору роз.
Ман дар он водӣ чӣ гуна худ зи дур
Шодие мекардам аз амёву шӯр.
Ман чӣ мебастам хаёлу он чӣ буд?
Дарки сустам суст нақше менамуд.
Тифли раҳро фикрати мардон куҷост?
Ку хаёли ӯву ку таҳқиқи рост?
Фикри тифлон доя бошад, ё ки шир,
Ё мавизу ҷавз, ё гиря-в нафир.
Он муқаллид ҳаст чун тифли алил,
Гарчи дорад баҳси борику далел.
Он тааммуқ дар далелу дар шикел,
Аз басират мекунад ӯро гусел.
Мояе, к-ӯ сурмаи сирри вай аст,
Бурду дар ишкол гуфтан кор баст.
Эй муқаллид, аз Бухоро бозгард,
Рав ба хорӣ, то шавӣ ту шермард.
То Бухорои дигар бинӣ дарун,
Сафдарон дар маҳфилаш «ло яфқаҳун».
Пайк агарчи дар замин чобуктагест,
Чун ба дарё рафт, бискустарагест.
ӯ «ҳамалноҳум» бувад «фи-л-барру» бас,
Он ки маҳмул аст, дар баҳр ӯст кас.
Бахшиши бисёр дорад шаҳ, бидав,
Эй шуда дар ваҳму тасвире гарав.
Он муриди сода аз тақлид низ
Гиряе мекард вафқи он азиз.
ӯ муқаллидвор ҳамчун марди кар
Гиря медиду зи мӯҷиб бехабар.
Чун басе бигрист, хидмат карду рафт,
Аз пайаш омад муриди хос тафт.
Гуфт: «Эй гирён чу абри бехабар,
Бар вифоқи гиряи шайхи назар,
Аллаҳ, Аллаҳ, Аллаҳ, эй вофӣ мурид!
Гарчи дар тиқлид ҳастӣ мустафид.
То нагӯйӣ дидам он шаҳ мегирист,
Ман чу ӯ бигристам, к-он мункирест.
Гиряи пурҷаҳлу пуртақлиду зан
Нест ҳамчун гиряи он мӯътаман.
Ту қиёси гиря бар гиря масоз,
Ҳаст з-ин гиря бад-он роҳи дароз.
Ҳаст он аз баъди сисола ҷиҳод,
Ақл он ҷо ҳеч натвонад фитод.
Ҳаст з-он сӯйи хирад сад марҳала,
Ақлро воқиф мадон з-он қофила.
Гиряи ӯ на-з ғам асту на-з фараҳ,
Рӯҳ донад гиряи айну-л-мулаҳ.
Гиряи ӯ, хандаи ӯ, он сарист,
З-он чӣ ваҳми ақл бошад, он барист.
Оби дидай ӯ чу дидай ӯ бувад,
Дидаи нодида дида кай шавад?
Он чӣ ӯ бинад, натон кардан масос,
На-з қиёси ақлу на-з роҳи ҳавос.
Шаб гурезад, чунки нур ояд зи дур,
Пас чӣ донад зулмати шаб ҳоли нур?
Пашша бигрезад зи боди бодаҳо,
Пас чӣ донад пашша завқи бодҳо.
Чун қадим ояд, ҳадас гардад абас,
Пас куҷо донад қадимеро ҳадас?
Бар ҳадас чун зад қидам, дангаш кунад,
Чунки кардаш нест, ҳамрангаш кунад.
Гар бихоҳӣ ту, биёбӣ сад назир,
Лек ман парво надорам, эй фақир!
Ин «алиф», «лом», «мим»-у «ҳо» «мим» – ин ҳуруф
Чун асои Мӯсӣ омад дар вуқуф.
Ҳарфҳо монад бад-ин ҳарф аз бурун,
Лек бошад дар сифоти ин забун.
Ҳар кӣ гирад ӯ асое з-имтиҳон,
Кай бувад чун он асо вақти баён?
Исавист ин дам на ҳар боду даме,
Ки барояд аз фараҳ, ё аз ғаме.
Ин «алиф» «лом» асту «ҳо» «мим», эй падар!
Омадаст аз ҳазрати мавлалбашар.
Ҳар «алиф» «лом»-е чӣ мемонад бад-ин?
Гар ту ҷон дорӣ, бад-ин чашмаш мабин.
Гарчи таркибаш ҳуруф аст, эй ҳумом,
Мебимонад ҳам ба таркиби авом.
Ҳаст таркиби Муҳаммад лаҳму пӯст,
Гарчи дар таркиб ҳар тан ҷинси ӯст.
Гӯшт дорад, пӯст дорад, устухон,
Ҳеч ин таркибро бошад ҳамон?
К-андар он таркиб омад мӯъҷизот,
Ки ҳама таркибҳо гаштанд мот.
Ҳамчунон таркиби «ҳо» «мим»-и китеб,
Ҳаст бас болову дигарҳо нишеб.
З-он ки з-ин таркиб ояд зиндагӣ,
Ҳамчу нафхи сур дар дармондагӣ.
Аждаҳо гардад, шикофад баҳрро,
Чун асо «ҳо» «мим» аз доди Худо.
Зоҳираш монад ба зоҳирҳо, валек
Қурси нон аз қурси маҳ дур аст нек.
Гиряи ӯ, хандаи ӯ, нутқи ӯ
Нест аз вай, ҳаст маҳзи хулқи ҳӯ.
Чунки зоҳирҳо гирифтанд аҳмақон
В-он дақоиқ шуд аз эшон бас ниҳон.
Лоҷарам маҳбуб гаштанд аз ғараз,
Ки дақиқа фавт шуд дар мӯътараз.

Страница 58/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj