Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Прелесть смоляных, вьющихся кудрей
От багряных роз кажется нежней.
В каждом узелке - тысяча сердец,
В каждом завитке - тысяча скорбей.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Яке пурсид аз олими орифе, ки: «Агар дар намоз касе бигиряд ба овоз ва оҳ кунаду навҳа кунад, намозаш ботил шавад?» Ҷавоб гуфт, ки номи он оби дида аст, то он гирянда чӣ дидааст? Агар шавқи Худо дидааст ва мегиряд, ё пушаймонии гуноҳе, намозаш табоҳ нашавад, балки камол гирад, ки «ло салота илло биҳузури-л-қалб» ва агар ӯ ранҷурии тан ё фироқи фарзанд дидааст, намозаш табоҳ шавад, ки асли намоз тарки тан аст ва тарки фарзанд иброҳимвор, ки фарзандро қурбон мекард аз баҳри такмили намоз ва танро ба оташи Намруд месупурд ва амр омад Мустафоро алайҳиссалом бад-ин хисол, ки «фа-т-табиъ миллата Иброҳима лақад конат лакум усутун ҳасанатун фӣ Иброҳим»

Он яке пурсид аз муфтӣ ба роз:
«Гар касе гиряд ба навҳа дар намоз,
Он намози ӯ аҷаб ботил шавад?
Ё намозаш ҷоизу комил бувад?»
Гуфт: «Оби дида номаш баҳри чист?
Бингарӣ, то ки чӣ дид ӯву гирист?
Оби дида, то чӣ дид ӯ аз ниҳон?
То бад-он шуд ӯ зи чашмай худ равон.
Он ҷаҳон гардидааст он пурниёз,
Равнақе бояд зи навҳа он намоз.
В-ар зи ранҷи тан буд он гиря-в зи сӯк,
Ресмон бискусту ҳам бишкаст дук».

Страница 57/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj