Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Достони он ошиқ, ки бо маъшуқи худ бармешумурд хидматҳо ва вафоҳои худро ва шабҳои дароз «татаҷофаӣ ҷунубуҳум ани-л-мазоҷеъ»-ро ва бенавоиву ҷигарташнагии рӯзҳои дарозро ва мегуфт, ки ман ҷуз ин хидмат намедонам, агар хидмати дигар ҳаст, маро иршод кун, ки ҳар чӣ фармойӣ, мунқодам, агар дар оташ рафтан аст, чун Халил алайҳиссалом ва агар дар даҳони наҳанги дарё фитодан аст, чун Юнус алайҳиссалом ва агар ҳафтод бор кушта шудан аст, чун Ҷирҷис алайҳиссалом ва агар аз гиря нобино шудан аст, чун Шуъайб алайҳиссалом ва вафову ҷонбозии анбиёро алайҳимуссалом шумор нест ва ҷавоб гуфтани маъшуқ ӯро

Он яке ошиқ ба пеши ёри худ
Мешумурд аз хидмату аз кори худ.
К-аз барои ту чунин кардам, чунон,
Тирҳо хӯрдам дар ин разму синон.
Мол рафту зӯр рафту ном рафт,
Бар ман аз ишқат басе ноком рафт.
Ҳеч субҳам хуфта ё хандон наёфт,
Ҳеч шомам бо сару сомон наёфт.
Он чӣ ӯ нӯшида буд аз талху дард,
ӯ ба тафсилаш якояк мешумард.
На-з барои миннате, бал менамуд,
Бар дурустии муҳаббат сад шуҳуд.
Оқилонро як ишорат бас бувад,
Ошиқонро ташнагӣ з-он кай равад?
Мекунад такрори гуфтан бемалол,
Кай з-ишорат бас кунад ҳут аз зулол?
Сад сухан мегуфт з-он дарди куҳан,
Дар шикоят, ки нагуфтам як сухан!
Оташе будаш, намедонист чист,
Лек чун шамъ аз тафи он мегирист.
Гуфт маъшуқ: «Ин ҳама кардӣ, валек
Гӯш бигшо паҳну андарёб нек.
К-он чӣ асли асли ишқ асту валост,
Он накардӣ, ин чӣ кардӣ, фаръҳост».
Гуфташ он ошиқ: «Бигӯ, к-он асл чист?»
Гуфт: «Аслаш мурдан асту нестист.
Ту ҳама кардӣ, намурдӣ, зиндаӣ,
Ҳин, бимир ар ёри ҷонбозандаӣ».
Ҳам дар он дам шуд дарозу ҷон бидод,
Ҳамчу гул дарбохт сар хандону шод.
Монд он ханда бар ӯ вақфи абад,
Ҳамчу ҷону ақл, ориф бекабад.
Нури маҳолуда кай гардад абад?
Гар занад он нур бар ҳар неку бад.
ӯ зи ҷумла пок вогардад ба моҳ,
Ҳамчу нури ақлу ҷон сӯйи Илоҳ.
Васфи покӣ вақф бар нури маҳ аст,
Тобишаш гар бар наҷосоти раҳ аст.
З-он наҷосоти раҳу олудагӣ
Нурро ҳосил нагардад бадрагӣ.
«Ирҷиъӣ» бишнуд нури офтоб,
Сӯйи асли хеш бозомад шитоб.
На зи гулханҳо бар ӯ нанге бимонд,
На зи гулшанҳо бар ӯ ранге бимонд.
Нури дида-в нурдида боз гашт,
Монд дар савдои ӯ саҳрову дашт.

Страница 56/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj