Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Не диво, что стремлюсь я в край родной: Ведь родина, как жизнь, душе близка. Прольют на море дождик проливной, Из моря же взяв воду, облака. Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Расидани гавҳар аз даст ба даст охири давр ба Аёз ва киёсати Аёз ва муқаллид ношудан эшонро ва мағрур ношудани ӯ ба голу мол додани шоҳ ва ҷомагиҳо афзун кардан ва мадҳи ақл кардан, ки нашояд муқаллидро мусулмон доштан, мусулмон бошад, аммо нодир бошад, ки муқаллид субот кунад бар он эътиқод ва муқаллид аз имтиҳонҳо ба саломат берун ояд, ки суботи биноён надорад, «илло ман асамаҳуллоҳу», зеро Ҳақ якест ва онро зидд бисёр ғалатафган ва мушобеҳи Ҳақ. Муқаллид чун он зидро нашиносад, аз он рӯ Ҳақро нашинохта бошад. Аммо Ҳақ бо он ношинохти ӯ, чу ӯро ба иноят нигоҳ дорад, он ношинохт ӯро зиён надорад

«Эй Аёз, акнун нагӯйӣ, к-ин гуҳар
Чанд меарзад бад-ин тобу ҳунар?»
Гуфт: «Афзун з-он чӣ тонам гуфт ман?»
Гуфт: «Акнун зуд хурдаш дар шикан».
Сангҳо дар остин будаш, шитоб
Хурд кардаш, пеши ӯ буд он савоб.
Зи иттифоқи толеъи бодавлаташ
Даст дод он лаҳза нодир ҳикматаш.
Ё ба хоб ин дида буд он пурсадо,
Карда буд андар бағал ду сангро.
Ҳамчу Юсуф, ки даруни қаъри чоҳ
Кашф шуд поёни кораш аз Илоҳ.
Ҳар киро фатҳу зафар пайғом дод,
Пеши ӯ як шуд муроду бемурод.
Ҳар кӣ пояндони вай шуд васли ёр,
ӯ чӣ тарсад аз шикасту корзор.
Чун яқин гашташ, ки хоҳад кард мот,
Фавти асбу пил ҳасташ турраҳот.
Гар барад асбаш ҳар он ки асбҷӯст,
Асб рав гӯ, на ки пешоҳанг ӯст.
Мардро бо асб кай хешӣ бувад?
Ишқи асбаш аз пайи пешӣ бувад.
Баҳри суратҳо макаш чандин заҳир,
Бе судоъи сурате маънӣ бигир.
Ҳаст зоҳидро ғами поёни кор,
То чӣ бошад ҳоли ӯ рӯзи шумор?
Орифон з-оғоз гашта ҳушманд,
Аз ғаму аҳволи охир фориғанд.
Буд орифро ҳамин хавфу риҷо,
Собиқадони-ш, хӯрд он ҳар дуро.
Дид, к-ӯ собиқ зироат кард мош,
ӯ ҳамедонад чӣ хоҳад буд чош?
Ориф асту бозраст аз хавфу бим,
Ҳойҳуро кард теғи Ҳақ дуним.
Буд ӯро биму уммед аз Худо,
Хавф фонӣ шуд, аён гашт он риҷо.
Чун шикаст ӯ гавҳари хос он замон,
З-он амирон хост сад бонгу фиғон.
К-ин чӣ бебокист? Валлаҳ кофир аст,
Ҳар кӣ ин пурнур гавҳарро шикаст.
В-он ҷамоат ҷумла аз ҷаҳлу амо,
Даршикаста дурри амри шоҳро.
Қимати гавҳар натиҷай меҳру вуд,
Бар чунон хотир чаро пӯшида шуд?

Страница 173/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj