Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Ханда гирифтан он канизакро аз заъфи шаҳвати халифа ва қуввати шаҳвати он амир ва фаҳм кардани халифа аз хандаи канизак

Зан бидид он сустии ӯ аз шигифт,
Омад андар қаҳқаҳа, ханда-ш гирифт.
Ёдаш омад мардии он паҳлавон,
Ки бикушт ӯ шеру андомаш чунон.
Ғолиб омад хандаи зан, шуд дароз,
Ҷаҳд мекарду намешуд лаб фароз.
Сахт механдид ҳамчун бангиён,
Ғолиб омад ханда бар суду зиён.
Ҳар чӣ андешид, ханда мефузуд,
Ҳамчу банди сели ногоҳонгушуд.
Гиряву ханда, ғаму шодии дил,
Ҳар якеро маъдане дон мустақил.
Ҳар якеро махзане, мифтоҳи он,
Эй бародар, дар кафи фаттоҳ дон.
Ҳеч сокин менашуд он хандарӯ,
Пас халифа тайра гашту тундхӯ.
Зуд шамшер аз ғилофаш баркашид,
Гуфт: «Сирри ханда вогӯ, эй палид!
Дар дилам з-ин ханда занне уфтод,
Ростӣ гӯ, ишва натвоним дод.
В-ар хилофи ростӣ бифребиям,
Ё баҳонай чарб орӣ ту ба дам,
Ман бидонам, дар дили ман равшанист,
Боядат гуфтан, ҳар он чӣ гуфтанист.
Дар дили шоҳон ту моҳе дон ситабр,
Гарчи гаҳ-гаҳ шуд зи ғафлат зери абр.
Як чароғе ҳаст дар дил вақти гашт,
Вақти хашму ҳирс ояд зери ташт.
Он фаросат ин замон ёри ман аст,
Гар нагӯйӣ он чӣ ҳаққи гуфтан аст,
Ман бад-ин шамшер буррам гарданат,
Суд набвад худ баҳона карданат.
В-ар бигӯйӣ рост, озодат кунам,
Ҳаққи Яздон нашканам, шодат кунам».
Ҳафт мусҳаф он замон барҳам ниҳод,
Хӯрд савганду чунин тақрир дод.

168/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj