Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Андохтани Мустафо алайҳиссалом худро аз кӯҳи Ҳиро аз ваҳшати дев намудани Ҷабрайил алайҳиссалом худро ба вай ва пайдо шудани Ҷабрайил ба вай, ки маяндоз худро, ки туро давлатҳо дар пеш аст

Мустафоро ҳаҷр чун бифрохтӣ,
Хешро аз кӯҳ меандохтӣ.
То бигуфтӣ Ҷабрайилаш: «Ҳин, макун,
Ки туро бас давлат аст аз амри «кун».
Мустафо сокин шудӣ з-андохтан,
Боз ҳиҷрон оваридӣ тохтан.
Боз худро сарнигун аз кӯҳ ӯ
Мефигандӣ аз ғаму андӯҳ ӯ.
Боз худ пайдо шудӣ он Ҷабрайил,
Ки макун ин, эй ту шоҳи бебадил.
Ҳамчунин мебуд, то кашфи ҳиҷеб,
То биёбад он гуҳарро ӯ зи ҷеб.
Баҳри ҳар меҳнат чу худро мекушанд,
Асли меҳнатҳост ин, чунаш кашанд?
Аз фидоӣ мардумонро ҳайратест,
Ҳар яке аз мо фидои сиратест.
Эй хунук он, ки фидо кардаст тан
Баҳри он, к-арзад фидои он шудан.
Ҳар яке чунки фидоии фанест,
К-андар он раҳ сарфи умру куштанест.
Куштане андар ғурубе ё шуруқ,
Ки на шоиқ монад он гаҳ на мушуқ.
Боре ин муқбил фидои ин тан аст,
К-андар ӯ сад зиндагӣ дар куштан аст.
Ошиқу маъшуқу ишқаш бардавом,
Дар ду олам баҳраманду некном.
Ё киромӣ! «Ирҳаму аҳла-л-ҳаво,
Шаънуҳум вирду-т-таво баъда-т-таво».
Афв кун, эй мир, бар сахтии ӯ,
Дарнигар дар дарду бадбахтии ӯ.
То зи ҷурмат ҳам Худо афве кунад,
Заллататро мағфират - дар оганад.
Ту зи ғафлат бас сабӯ бишкастаӣ,
Дар умеди афв дил дарбастаӣ.
Афв кун, то афв ёбӣ дар ҷазо,
Мешикофад мӯ қадар андар сазо.

148/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj